4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:47, Душанбе
12.08.2025 16:31

Воридоти сӯзишвории Русия ба Тоҷикистон афзуд

Воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон ба воситаи қаламрави Қазоқистон  ба таври назаррас зиёд шудааст. Бар асоси иттилои ширкати “Қазоқистон Темир жолӣ” ҳаҷми транзити сӯзишворӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба 713,1 ҳазор тонна расид, ки нисбат ба соли 2024 33 фоиз бештар мебошад.

Дар айни ҳол маълум нест, ки оё ин рақам фақат воридоти мустақими Тоҷикистонро дар бар мегирад ё қисми он транзите мебошад, ки эҳтимолан ба Афғонистон интиқол меёбад.

Омори афзоиши воридоти сӯзишворӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқоти роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон эълон шуд. Дар ин нишаст масъалаҳои ҳамкории нақлиётӣ ва роҳҳои беҳтар кардани интиқоли сӯзишворӣ мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо