Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”
Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Кумитаи андоз: Ба буҷети давлатӣ 12 миллиарду 715,7 миллион сомонӣ ворид гардид
Тибқи иттилои Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 113,7 фоиз таъмин гардид.
Манбаъ афзуд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба буҷети давлатӣ 12 миллиарду 715,7 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 1 миллиарду 528,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар нишаст гуфта шуд, ки дар ин давра нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 105,1 фоиз, вилоятҳои Хатлон – 101,2 фоиз, Суғд – 107,6 фоиз, шаҳри Душанбе – 116,2 фоиз, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар маҷмуъ – 107,7 фоиз ва Раёсати андози андозсупорандагони калон – 112,9 фоиз таъмин гардид.
Ҳамчунин, дар нишасти хабарӣ доир ба ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи андоз иттилоъ дода шуд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки давоми соли ҷорӣ 14 ҳазору 800 ҳолати ҳуқуқвайронкунии андозӣ ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи умумии 331 миллион сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Британия таҳримҳои нави ҷоринамуда бар зидди Эронро ба иҷро даровард
Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”