Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”
Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Завқизода: “Тоҷикистон имкони пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро месанҷад”
Завқӣ Завқизода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар дод, ки дар кишвар гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис ёфтааст ва ин гурӯҳ имкони пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро ҳамаҷониба таҳлил мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, ба ҳайати гурӯҳ намояндагони сохторҳои иқтисодӣ, Вазорати адлия, Хадамоти гумрук ва Хадамоти андоз шомил мебошанд, ки омилҳои ҳамгироиро бо назардошти фароянди иқтисоди ҷаҳонӣ ва вазъи геополитикӣ таҳлил ва арзёбӣ мекунанд.
Қарор дар хусуси баррасии узвияти Тоҷикистон ба стратегияи дарозмуддати диверсификатсияи иқтисодӣ, таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ ва дастрасӣ ба бозори бузурги Авруосиё мувофиқат мекунад. Шомил шудан ба иттиҳоди иқтисодии мазкур имкон медиҳад, ки кишвар ба низоми устувори тарофаҳои имтиёзнок ворид шуда, убури марзҳо осон шавад ва ин махсусан барои содирот ва воридоти мол аз Русия ва дигар кишварҳои узви ин Созмон муҳим мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Британия таҳримҳои нави ҷоринамуда бар зидди Эронро ба иҷро даровард
Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”