1 Октябр 2026,
панҷшанбе, 04:22, Душанбе
09.08.2025 09:33

Қарзи давлатӣ чӣ қадар асту буҷет чанд фоиз иҷро шуд?

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки ба ҳолати 1-уми июли соли 2025 ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ 3,6 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Вазири молия афзуд, ки миқдори қарзи давлатӣ ба 21,4 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ баробар аст ва аз он 3,1 миллиард доллар ё 88 фоиз қарзи берунӣ мебошад.

Дар нишаст гуфта шуд, ки дар шаш моҳи авали соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои даромад ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ 111,5 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 27,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид.

Илова гардид, ки иҷрои нақшаи даромади дохилӣ аз ҷониби Кумитаи андоз 113,7 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 12,7 миллиард сомонӣ ворид карда шуд. Ҳаҷми воридоти маблағҳо нисбат ба нақша 1,5 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамчунин, зикр карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ 9 созишномаи қарзию грантӣ ба маблағи 153,7 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқ гардидани 7 лоиҳаи сармоягузорӣ ба имзо расонида шуд. Аз ин маблағ  97,9 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ, 54,3 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои қарзӣ ва 1,5 миллион  доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Хатти хабарҳо

30.09.2026 15:45

Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”

Аз 22-юми октябр дар кинотеатрҳои кишвар филми «Хуршеду Моҳ» ба намоиш гузошта мешавад. «Хуршеду Моҳ филми нави ошиқона буда, дар бораи ишқи нокоми Хуршед ва Моҳ қисса мекунад. Dialog.tj бо коргардон ва муаллифи филмномаи «Хуршеду Моҳ» Манзаралӣ Шералӣ суҳбат кард, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мекунем.
30.09.2026 15:04

Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд

Мақомоти Тоҷикистону Қатар масъалаи сармоягузорӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки иқтисодии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар мулоқоти мақомоти ду кишвар раванди иҷрои лоиҳаи “Диёри Душанбе” мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
30.09.2026 14:33

Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст

Гардиши тиҷорати Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли 2026 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми савдои ду кишвар дар ин давра ба тақрибан 855 миллион доллар расидааст.
30.09.2026 06:37

Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд

Маркази хабарнигорони Афғонистон эълом кардааст, ки аз замони тасаллути гурӯҳи террористии Толибон дар соли 2021, тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ ба иттиҳоми риоя накардани дастурҳои сахтгиронаи расонаии ин гурӯҳ боздошт ё зиндонӣ шудаанд.