Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”
13 ҳазору 89 ҷиноят дар шаш моҳ. Вазири корҳои дохилӣ ҳисобот дод
7-уми август нишасти матбуотии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти нимсола дар соли равон баргузор гардид, ки дар он яке аз мавзуъҳои баррасишаванда зиёд шудани шумораи ҷинояткорӣ дар кишвар буд.
Тавре ки Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ иттилоъ дод, дар шаш моҳи якуми соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 13 ҳазору 89 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1285 ҷиноят зиёд мебошад.
Манбаъ афзуд, ки дар соли 2025 ҷинояткорӣ миёни ҷавонон 1574 ҳолатро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 30 ҳолат кам аст. Ҳамчунин, дар ин давра аз тарафи ноболиғон 333 ҷиноят содир гардидааст.
Гуфта шуд, ки дар умум, роҳзанӣ – 20, ғоратгарӣ – 57, таҷовуз ба номус – 24, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ – 64, қаллобӣ – 2356, дуздӣ – 2182, тамаъҷӯӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор 486, одамкушӣ ва сӯиқасд ба ҷон – 28, авбошӣ – 762 ва ғайраҳо ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ 216 ҳолати монеъ шудани волидон барои гирифтани таълимоти ҳатмӣ ба қайд гирифта шудааст ва бар асари 635 садамаи нақлиётӣ, 279 нафар ба ҳалокат расида, 224 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”
ИМА аз поёни миссияи низомӣ дар Ироқ хабар дод
Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст