Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Дар Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ озмун эълон карда шуд
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуне эълон кард, ки ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ бахшида шудааст. Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ ҳар сол 27-уми сентябр таҷлил мегардад.
Тибқи иттилоъ озмун дар панҷ номинатсияи зерин доир мегардад:
Беҳтарин ширкати сайёҳӣ;
Беҳтарин меҳмонхона;
Беҳтарин ресторан;
Беҳтарин роҳбалад;
Беҳтарин блогер ва тарғибгар ба воситаи сомонаҳо дар дохил ва хориҷи кишвар.
Тавре Кумита зикр мекунад, мақсади озмун рушди бахши сайёҳӣ, ҳавасмандкунии субъектҳои хизматрасониҳои сайёҳӣ, рӯзноманигорон, блогерҳо ва коршиносони мустақил ба хотири таблиғу пешбурди иқтисоди сайёҳии кишвар, густариш додани навъҳои хизматрасонӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ хоҳад буд.
Дар озмун ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, роҳбаладҳо, журналистон ва шахсоне, ки ба талаботи муқаррароти озмун посухгӯ мебошанд, метавонанд ширкат намоянд.
Ҳуҷҷатҳои довталабон то 10-уми сентябри соли ҷорӣ қабул карда мешавад.
Ғолибон дар ҳар як аз панҷ номинатсия бо диплом ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонда мешаванд. Илова бар ин, шахсоне, ки дар доир кардани озмун саҳми фаъол доранд ва барои татбиқи он ҳиссаи арзанда мегузоранд, бо номаҳои сипос қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид