4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:48, Душанбе
31.07.2025 18:58

Назарзода Ҳабибулло: Роҳандозӣ гардидани хатсайри нави ҳавоии ду кишвар ба имзо расид

“17-уми июни соли 2025 вазири иқтисодӣ ва сайёҳии авиатсияи граждании Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар ин сафар миёни ду кишвар Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ Созишномаи алоқаи ҳавоии байни ду давлат бо дастгирии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид”.

Назарзода Ҳабибулло Директори Агентии авиатсияи граждании Назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки дар асоси ин созишнома ба роҳ мондани хатсайрҳои нав ба нақша гирифта шуда, имкон аст, ки ба тамоми шаҳрҳои Аморати Муттаҳидаи Араб парвозҳо анҷом дода шаванд. “Дар ин ҷо натанҳо парвоз кардан, ҳамчун истифода бурдани хат ба дигар давлатҳо парвоз кардан тариқи шаҳрҳои Абудабӣ ва Шарҷа шароити мусоид фароҳам меорад ва чиптаҳо бо нархи дастрас барои мардум пешниҳод мегардад”, илова намуд Назарзода Ҳабибулло.

Тибқи маълуомти ин ниҳод айни замон ба роҳ мондани хатсайрҳо дар масири ҳавоии Душанбе-Абудабӣ дар як ҳафта ду маротиба ва Душанбе- Шарҷа ва Хуҷанд- Шарҷа ду маротиба  пешниҳод шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо