Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”
Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
«Тоҷик Эйр» ба баҳси тулонӣ бо ширкати «Skyroad Leasing» хотима дод
“Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр" ба баҳси судии тӯлонӣ, ки бо ширкати литвагии UAB «Skyroad Leasing» дошт, нуқта гузошт. Сабабҳои ҳамакнун дар гузашта сард гаштани муносибатҳои ду ширкати ҳавопаймоӣ -ҶСК «Тоҷик Эйр» ва UAB «Skyroad Leasing” ин пайдо шудани баҳси судӣ ба хотири напардохтани маблағи аз рӯи шартномаи иҷораи басташудаи ҶСК "Тоҷик Эйр” буд”, гуфт Парвиз Шодмонзода, директори ҶСК “Тоҷик-Эйр" дар нишасти хабарии ин ширкат.
Зимни идомаи суҳбаташ дар ин мавзӯъ аз оғози ба миён омадани норозигии тарафҳо ёдовар шуда, илова кард, ки соли 2009 дар байни ҶСК "Тоҷик Эйр" ва UАЕ «Skyroad Leasing» ду шартномаи ба иҷораи гирифтани ҳавопаймои Boeing 737 ва 500 ба имзо расида буд. ҶСК "Тоҷик Эйр" ин ҳавопаймоҳоро то моҳи майи соли 2013 барои иҷрои парвозҳои байналмилалӣ истифода мекард. Пас аз он ҶСК “Тоҷик Эйр" натавонист, ки маблағи иҷораи ин ҳавопаймоҳоро пардохт кунад ва бо ин сабаб ширкати UAB «Skyroad Leasing» иҷрои парвозҳоро бо ин ду ҳавопаймо боз дошт.
“Тибқи ҳалномаҳои судӣ, то аввали соли 2018 қарзи умумии ҶСК "Тоҷик Эйр" дар назди ширкати UAE “Skyroad Leasing" $ 23 млн ташкил дода, ҳамасола аз рӯи ин маблағҳо фоизҳо ва ҷаримаҳо ситонида мешуданд. Дар натиҷаи баҳсҳои судӣ соли 2024 қарзи умумии ҶСК «Тоҷик Эйр» дар назди ширкати UAB «Skyroac Leasing» ба $ 36,6 млн расид. Давоми соли 2024 роҳбарияти нави ҶСК «Тоҷик -Эйр» бо роҳбарияти ширкати UAB «Skyroad Leasing» вохӯрӣ ва гуфтушунид ба анҷом расонид ва дар натиҷаи ба мувофиқа расидани тарафҳо 8 январи соли 2025 созишномаи оштӣ баста шуд, ёдовар шуд Парвиз Шодмонзода.
Тибқи иттилои дарёфтӣ дар мурофиаи судӣ, ки 21 майи соли 2025 дар Суди арбитражии шаҳри Маскваи Федератсияи Россия бо иштироки тарафҳо баргузор шуда, Созишномаи оштии байни ҳарду ширкат тасдиқ гардид. ҶСК «Тоҷик Эйр» маблағи ҳисоббаробаркуниро ба суратҳисоби бонкии UAB «Skyroad Leasing» интикол дод ва ду ҳавопаймо -Боинг-737 ва 500 ба моликияти ҶСК «Тоҷик Эйр» супорида шуд.
ҶСК «Тоҷик Эйр» баъди аз байн бурдани қарзҳои калон аз ширкати "Skyroad Lcasing” фаъолияти худро дар сатҳи байналмилалӣ аз нав оғоз намудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки ду ҳавопаймои зикршуда, то соли 2025 ба моликияти ширкати UAB "Skyroad Lcasing” мансуб буданд.
Хатти хабарҳо
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд
Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд