Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Дар Тоҷикистон насби панелҳои офтобӣ дар биноҳои навсохт ҳатмӣ аст
Аз 1-уми апрели соли 2024 дар Тоҷикистон истифодаи ҳатмии низоми барқи офтобӣ ҳангоми сохтмон ва таҷдиди биноҳо амалӣ карда шуд. Ин, аз ҷумла, ба хонаҳои истиқоматӣ, маҷмааҳои варзишӣ, биноҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ ва ғайра дахл дорад. Ин иқдом дар доираи татбиқи стратегияи рушди иқтисоди “сабз” ва бахши сохтмони кишвар то соли 2030 роҳандозӣ гардидааст.
Мақомоти кишвар умедворанд, ки ба воситаи ин қадам на фақат сарфаи энергия, балки ҳифзи муҳити зист ва коҳиши вобастагӣ аз сарчашмаҳои анъанавии сӯзишворӣ таъмин хоҳад шуд.
Дар Тоҷикистон панелҳои офтобӣ дар вақти бунёд ва таъмири биноҳои истиқоматӣ, муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ ҳатмӣ дониста мешаванд. Кумитаи меъморӣ ва сохтмон бо як фармоиши расмӣ аз 29 –уми марти соли 2024 ин қарорро расмият бахшид.
Ин иқдом Тоҷикистонро ба қатори кишварҳое чун Калифорния, Олмон, Ҷопон, Ҳиндустон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон мегузорад, ки дар чанд соли ахир насби панелҳои офтобиро барои биноҳои нав ҳатмӣ эълон кардаанд.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низ дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ ба мақомот дастур доданд, ки равшании берунаи мактабҳо, кӯдакистонҳо ва биноҳои баландошёнаро бо неруи офтоб таъмин намоянд.
Тоҷикистон дорои иқтидори назарраси тавлиди неруи офтобӣ аст. Ба гуфтаи мутахассисон кишвар дар як сол то 330 рӯзи офтобӣ дорад ва метавонад то 25 миллиард квт/соат неруи барқ дар давоми сол истеҳсол шавад.
Азим Иброҳим, Вазири нақлиёти Тоҷикистон низ таъкид карда буд, ки истифодаи неруи барқи офтобӣ дар нақлиёти барқӣ зарур ва манфиатовар аст. Дар стратегияи рушди нақлиёти барқии Тоҷикистон то соли 2028 омода, ки истифодаи неруи барқароршавнада барои рушди парки нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза зарур мебошад.
Дар ҳамин ҳол, тарҷибаи ширкатҳои байналмилалӣ низ нишон дод, ки мошинҳои барқии дорои панелҳои офтобӣ метавонанд бо энергияи мустақилона 500 км роҳ ва бештарро тай кунанд. Чунин як таҷрибаро ширкати амрикоии Артера дар шаҳри Калифорния озмоиш кард.
Бар асоси дурнамо Тоҷикистон дар пайи рушди сарчашмаҳои барқароршавнадаи энергия, на фақат имкони сарфаи захираҳои табииро меафзояд, балки метавонад худро дар харитаи “иқтисоди сабз” ва технологияҳои тоза бо иқдомҳои амалии нав ҷойгузин кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид