Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 беш аз 90 ҳазор тоннаро ташкил дод
Дар шаш моҳи аввали соли 2025 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 90 ҳазору 300 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, ба маблағи умумии 33, 9 миллион доллар содир шудааст.
Дар ин бора муовини якуми директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зуҳурзода дар ҷараёни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Хуршед Зуҳурзода ҳаҷми содирот дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 13 ҳазору 200 тонна афзоиш ёфтааст. Дар сохтори умумии содирот меваи хуш бо маблағи 18, 2 миллион доллар мавқеи асосиро ишғол мекунад. Ҳамчунин, меваҳои тару тоза ба маблағи 7,9 миллион доллар, сабзавот ба маблағи 4,7 миллион доллар ва дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 3, 1 миллион доллар ба хориҷи кишвар интиқол дода шудааст.
Хуршед Зуҳурзода таъкид кард, ки маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар айни ҳол ба 50 кишвари дуру наздик содир мешавад. Ба гуфтаи ӯ, харитаву география ва ҳаҷми содирот ҳар сол васеъ мешавад, ки ба сифати баланди маҳсулот ва дастгирии давлат вобаста аст.
Дар миёни кишварҳои асосии воридкунандаи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Чин ва як қатор кишварҳои аврупоӣ қарор доранд.
Бино ба иттилои Агентӣ содироти маҳсулоти аграрӣ яке аз бахшҳои муҳимми сиёсати тиҷорати хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, дар таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар бозорҳои ҷаҳонии озуқа нақши муҳим мебозад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид