Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 1,1 миллиард квт/соат барқ фурӯхт
Бар асоси гузориши Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар нимаи аввали соли равон Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя 1,1 миллиард киловатт/соат барқ содир кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 56% афзоишро нишон медиҳад. Аз ин ҳаҷми барқ 718 миллион киловатт/соат ба Афғонистон ва 395 миллион киловатт соат ба Ӯзбекистон интиқол ёфтааст.
Бино ба иттилои Вазорат, аз фурӯши барқ Тоҷикистон 322,6 миллион сомонӣ даромад ба даст овардааст. Вазорат таъкид намудааст, ки 90% интиқоли барқ ба хориҷ дар моҳҳои май ва июн дар вақти зиёд шудани резиши об дар дарёҳо сурат гирифтааст.
Бо вуҷуди ин, бархе аз сокинони Тоҷикистон аз маҳдудияти дастрасӣ ба барқ ҳатто дар фасли тобистон шикоят доранд. Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон рӯзи 25-уми июл дар нишасти хабарӣ тасдиқ намуд, ки маҳдудияти барқ дар тобистон бо сабаби таъсири гармшавии таҷҳизоти барқрасонӣ ба миён омадааст.
Дар гузашта низ танқидҳое садо дод буд, ки мақомот бояд аввал талаботи дохилиро таъмин кунанд ва сипас барқи изофиро содир кунанд. Вазорат ин иддаоро рад накард, вале таъкид кард, ки содироти барқ дар давраи фаровонии об сурат мегирад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид