2 Октябр 2026,
ҷумъа, 07:00, Душанбе
22.07.2025 10:28

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли асфалту бетон аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳамадонӣ

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 20-уми июл дар деҳаи Сайроби ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ корхонаи нави истеҳсоли асфалту бетонро расман ба истифода доданд.

Корхонаи истеҳсоли асфалту бетон, ки аз сӯи соҳибкори ватанӣ Абдулазиз Ҷобиров дар доираи татбиқи сиёсати ободкоронаи ҳукумати Тоҷикистон бунёд шудааст, дар масоҳати беш аз 8 гектар бо арзиши умумии 2 миллиону 520 ҳазор сомонӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти муосири истеҳсоли хориҷӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Тибқи иттилоъ, иқтидори хатҳои истеҳсолӣ дар як соат ба 70 тонна асфалт ва 60 метри мукааб бетон мерасад. Бо фаъол шудани корхона беш аз 100 ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, дар марҳилаи баъдӣ бо бунёди коргоҳи сеюм шумораи кормандон ба 120 нафар хоҳад расид.

Мақомоти давлатӣ мегӯянд, истифодаи маҳсулоти ватанӣ дар корҳои сохтмонӣ, бахусус роҳсозӣ, хароҷоти таъмири роҳро коҳиш дода, сифати корҳоро боло мебарад. Таҷҳизоти хати истеҳсолӣ аз ширкатҳои пешрафтаи хориҷӣ харидорӣ гардида, ба талаботи меъёрҳои сохтмонӣ мутобиқ мебошад.

Ифтитоҳи корхона дар доираи татбиқи Барномаи “Солҳои рушди саноат” ва омодагӣ ба ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ амалӣ гардида, ҷузъи муҳимми ҳадафҳои стратегии саноатикунонии босуръати кишвар арзёбӣ мегардад.

Сарвари кишвар дар вақти боздиди иншоот ба сифати корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот баҳои мусбат дода, барои истифодаи самаранок ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ба масъулин дастурҳои мушаххас ироа намуданд.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

01.10.2026 16:34

“Аз таҳсил дур монда буд”. Милитсияи пойтахт наврасеро аз волидонаш гирифта, ба мактаби махсус супурд

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод, ки кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино ҳангоми ба оворагардию талбандагӣ машғул шудан чандин маротиба ноболиғ М. Ф. сокини 11-солаи шаҳри Душанберо ба шуъбаи корҳои дохилӣ дастрас намудаанд.
01.10.2026 16:31

Хабарнигори “Ал-Ҷазира”: иқтисоди Тоҷикистон яке аз иқтисодҳои босуръат рушдёбандаи Осиёи Марказӣ аст

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз иқтисодҳои босуръат рушдёбандаи Осиёи Марказӣ аст, вале вобастагӣ аз интиқоли маблағҳои муҳоҷирон, қарзҳои берун аз буҷети ширкатҳои давлатӣ, аз ҷумла ҶММ “ТАЛКО” ва лоиҳаи нотамоми “Роғун” рушди иқтисодиро осебпазир мегардонад.
01.10.2026 15:11

Вазорати хориҷаи Русия: Ҷанги Русияву Аврупо кӯтоҳ ва барқосо хоҳад буд

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Русия гуфт, агар кишварҳои аврупоӣ ба Русия ҳамла кунанд, ҷанг кӯтоҳу барқосо хоҳад буд. Ӯ, ҳамзамон ҳушдор додааст, ки Маскав барои муқобила аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуд, аз ҷумла силоҳи атомӣ истифода хоҳад кард.
01.10.2026 13:20

Президенти кишвар бо вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори ИДМ мулоқот карданд

Имрӯз, 1-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд.
01.10.2026 12:18

Масъалаи будубош ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Молдова баррасӣ гардид

Дар шаҳри Кишинёв муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳомиддин Шарифзода бо Котиби давлатии вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Молдова Диана Салкутсан мулоқот намуд.
01.10.2026 11:16

Раҷаб Аҳмадзода дар Панҷакент бо лоиҳаи сохтмони шабакаҳои оби нӯшокӣ ва полезӣ шинос шуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент дар деҳаҳои Кулолӣ, Артуч ва Зари Ҳисор бо лоиҳаи сохтмони шабакаҳои оби нӯшокӣ ва полезӣ шинос шуд.
01.10.2026 09:48

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳамлосони худ аз Русия ду бозии дӯстона мекунад

Бинобар иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳамлосони худ аз Русия ду бозии дӯстона мекунад.
01.10.2026 09:45

Мақоми собиқи CIA: Хадамоти ҷосусии Бритониё пуштибони асосии Зеленский аст

Ларри Ҷонсон, афсари собиқ ва таҳлилгари пешини Созмони марказии истихбороти Амрико (CIA), гуфтааст, ки Хадамоти махфии ҷосусии Бритониё (MI6) пуштибони асосии Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, мебошад.
01.10.2026 09:33

Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Шояд Эронро бомбборон кунем”

Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА рӯзи чоршанбе, 30-юми сентябр гуфт, ки Вашингтон барои расидан ба тавофуқ бо Эрон метавонад аз роҳи низомӣ истифода кунад. Ӯ ҳамчунин, эҳтимоли ҳамлаи дубора ба Эронро матраҳ карда, гуфт: “Шояд онҳоро бомбборон кунем”.