Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров дар Форуми иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба рушди “иқтисоди сабз” ва гидроэнергетика таъкид карданд
Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон доир гардид. Дар ин ҳамоиш сарони ду кишвар – Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров ширкат намуда, дар ҳузури доираҳои соҳибкорию сармоягузорӣ суханронӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ афзоиши ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишварро нишонаи равандҳои мусбати ҳамкорӣ арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии ду ҷониб пайваста рушд меёбанд. Ба гуфтаи сарвари кишвар созишҳои бадастомада дар ин мулоқот заминаи боэътимоде барои рушди робитаҳои дуҷониба хоҳанд шуд, ки бар асоси принсипҳои ҳамсоягии нек ва дӯстии устувор бунёд ёфтаанд.
Форуми мазкур ҳамчун саҳнаи муаррифии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон ва Қирғизистон хизмат карда, таваҷҷуҳи соҳибкоронро ба бахшҳои муҳимми тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, молия, бонкдорӣ ва логистика ҷалб намуд. Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба фазои мусоиди сармоягузорӣ ва қонунгузории ҳимояткунандаи сармоя дар Тоҷикистон изҳор доштанд, ки барои фаъолияти соҳибкорон ва сармоягузорон имтиёзҳо ва кафолатҳои ҳуқуқӣ пешбинӣ шудаанд.
Дар идомаи суханронӣ Президенти Тоҷикистон ба зарурати ҳамкории муштарак дар рушди “иқтисоди сабз” ва соҳаи гидроэнергетика таъкид карда, афзуданд, ки сарчашмаҳои “энергетикаи сабз” на фақат барои Тоҷикистон ва Қирғизистон, балки барои тамоми минтақа аҳамияти стратегӣ доранд.
Ҳамчунин, сарвари кишвар ба рушди туризми кӯҳӣ, экология ва солимигардонӣ ҳамчун самтҳои дорои иқтидори бузурги ҳамкорӣ ишора карда, зарурати истифодаи ҳамаҷонибаи имконоти мавҷударо барои беҳбуди иқтисоди миллӣ ва сатҳи зиндагии мардумони ду кишвар зикр карданд.
Форуми сармоягузорӣ бо мавқеъгирии рӯшан оид ба дурнамои рушди мутақобилаи минтақа ба анҷом расид, ки онро метавон қадами муҳимме дар роҳи таҳкими шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қирғизистон донист.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид