Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Эмомалӣ Раҳмон дар Озарбойҷон пешниҳод кард, ки бозори ягонаи минтақавии энергетикӣ таъсис дода шавад
Дар шаҳри Ханкендӣ Саммити 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир гардид, ки яке аз мавзуъҳои асосии ин нишаст амнияти энергетикӣ ва рушди энергетикаи “сабз” мебошад. Дар саммит суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи зиёдро ҷалб кард, зеро пешниҳод карданд, ки бозори ягонаи минтақавии энергетикӣ дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ таъсис дода шавад.
Сарвари кишвар таъкид намуданд, ки Тоҷикистон аз амалӣ шудани лоиҳаҳо оид ба муттаҳидсозии низомҳои энергетикии кишварҳои узви созмон ҳимоят мекунад. Аз ҷумла, аҳамияти бунёди хатти интиқоли барқи CASA-1000-ро, ки Тоҷикистон ва Қирғизистонро бо Афғонистон ва Покистон пайваст мекунад, махсус зикр намуданд ва хабар доданд, ки яке аз марҳилаҳои муҳимми лоиҳа – ба кор даровардани ХИБ 500 кв “Датка- Суғд” миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон ба анҷом расидааст.
“Мо ба ташкили бозори минтақавии энергетикӣ дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ манфиатдорем. Амалӣ гардидани чунин лоиҳаҳо ба афзоиши истеҳсол ва содироти энергияи “сабз” ва умуман ба пешбурди иқтисодиёти сабз мусоидат мекунад” – таъкид намуданд президенти кишвар.
Ташкили бозори ягонаи энергетикӣ метавонад барои кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ бо назардошти захираҳои бойи ин кишварҳо як қадами стратегии муҳим гардад. Масалан, Озарбойҷон, Туркманистон ва Қазоқистон захираҳои бузурги нафту газ доранд. Қирғизистон ва Тоҷикистон дорои иқтидори баланди гирдроэнергетикӣ мебошанд. Ӯзбекистон низ энергетикаи газӣ ва ҳам офтобиро фаъолона рушд медиҳад.
Боя гуфт, ки ташаббуси Тоҷикистон оид ба таъсиси бозори минтақавии энергетикӣ дар платформаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ имкониятҳои навро барои таҳкими амнияти энергетикӣ, афзоиши содироти энергияи “сабз”, пешбурди иқтисодиёти сабз ва тақвияти ҳамгироии кишварҳои минтақа мекушояд. Маштаракан амалӣ намудани лоиҳаҳои инфрасохторӣ, аз ҷумла бо иштироки Озарбойҷон ҳамчун маркази энергетикӣ ва транзитӣ аҳамияти Созмони ҳамкории иқтисодиро ҳамчун ташкилоти пешбари ҳамгироии Авруосиё боз ҳам боло мебарад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид