Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
То соли 2032 Тоҷикистон ба кишвари истеҳсолкунандаи комили энержии сабз табдил меёбад
Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон дорои сарчашмаҳои бузурги истеҳсоли энергияи сабз буда, метавонад то соли 2032 комилан ба тавлидкунандаи энергияи сабз табдил ёбад. Дар ин бора коршиносон дар конфронси байналмилалии “Дидгоҳҳо дар бораи рушди энергияи барқароршаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, изҳори назар намуданд.
Бар асоси иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари захираҳои азими гидроэнергетикӣ кишвар ҳамчун дорои иқтидори бузурги офтобӣ ва бодӣ аст, ки то ҳол пурра истифода нашудааст. Ба ҳисоби мутахассисон иқтидори иқтисодии неруи офтобӣ 369 ҳазору 600 мегаватт ва неруи бодӣ 4 ҳазору 485 мегаваттро ташкил медиҳад.
Манучеҳр Сафарзода, муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози ифтитоҳи конфронс гуфт, ки феълан фақат 5 фоизи захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон истифода мешаванд. Ӯ таъкид кард, ки захираҳои мавҷудаи 527 миллиард киловатт соат дар як сол имкони таъмини на фақат Тоҷикистон, балки тамоми минтақа бо неруи барқи тозаро дорад.
Имрӯз Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати истеҳсоли энергияи сабз мақоми аз ҳама аввалро дошта ва дар раддабандии ҷаҳонӣ ҷои шашумро ишғол мекунад. Ба гуфтаи масъулон дар сурати иҷрои барномаҳои тарҳрезишуда кишвар метавонад то соли 2032 пурра ба истеҳсоли энергияи сабз гузарад.
Гуфта мешавад, ки ҳадафи баргузории конфронси мазкур таҳкими рушди сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия, тарғиби сиёсати сарфаи энергия ва баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ дар кишвар аст. Дар ин конфронс намояндагони вазоратҳо, марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимону коршиносони ватаниву хориҷӣ ва шарикони рушд ширкат доранд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дар самти истифодаи захираҳои табиии барқароршаванда, хоса об ва нури офтоб имкониятҳои бузург дорад. Баргузор шудани чунин конфронсҳои сатҳи ҷаҳонӣ иқдоми устувор дар роҳи таъмини амнияти энергетикӣ ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор маҳсуб меёбад. Конфронс 23-уми июн оғоз гардида ва имрӯз ба анҷом мерасад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид