Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Тоҷикистон ва Русия Парки саноатии муштарак таъсис медиҳанд
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия тасмим доранд, ки дар шаҳри Душанбе Парки саноатии муштарак таъсис диҳанд. Вобаста ба ин мақомоти ду кишвар мехоҳанд созишномаи дар ин хусус баимзорасидаро амалӣ намоянд.
Ба иттилои манобеи расмӣ марҳилаи аввали бунёди сохтмонҳои лоиҳаи мазкур аз соли 2026 оғоз меёбад. Дар ҷараёни Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург мақомоти ду кишвар дар хусуси он изҳори назар намуданд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Султон Раҳимзода гуфт, ки ҳадафи созишнома таъмини заминаи ҳуқуқию иқтисодӣ барои иҷрои муштараки лоиҳа ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ мебошад.
“Мо умедворем, ки дар рӯзҳои наздик тамоми шарту шароити асосиро мувофиқа карда, санадро ба имзо хоҳем расонд” – афзуд Султон Раҳимзода.
Созишномаи байниҳукуматӣ доир ба таъсиси парки саноатӣ қаблан дар ҷараёни сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Маскав дар моҳи март ба имзо расида буд. Ҳоло ҷонибҳо рӯйи созишномаи сармоягузорӣ кор мекунанд, ки он бояд аз ҷониби парлумони Тоҷикистон тасдиқ шавад. Ба гуфтаи масъулон ин кор “замонати ҳуқуқии сармоягузорон” –ро таъмин мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид