Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”
Намояндагони беш аз 50 кишвари ҷаҳон дар форуми нассоҷии Душанбе иштирок мекунанд
Шаҳри Душанбе дар рӯзҳои 8-ум то 10-уми июл мизбони аввалин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва намоишгоҳи таҷҳизоти нассоҷӣ хоҳад буд, ки дар он намояндагони беш аз 50 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард.
Дар ин бора Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, гуфтааст, ки форуми мазкур бо ташаббуси Вазорат ва пуштибонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад ва чун платформаи калидӣ барои муаррифии иқтисоди саноатии нассоҷии кишвар ва ҷалби сармоя ва технологияҳои нав хизмат хоҳад кард.
“Ин чорабинӣ як қадами муҳим дар самти рушди саноати нассоҷӣ, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи ҳалли инноватсионӣ дар бахши саноати истеҳсолот мебошад”- зикр мекунад Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.
Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 500 корхонаи нассоҷӣ фаъолият мекунад ва беш аз 18 ҳазор нафар дар он машғул ба кор мебошанд. Ҳадафгузории асосии соҳа ташкил намудани кластерҳои мукаммали истеҳсолӣ мебошад, ки марҳилаҳои кишти пахта ва тавлиди маҳсулоти ниҳоиро дар бар мегирад.
Ба форуми мазкур ҳайати расмии ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизоти нассоҷӣ ва ниҳодҳои молиявӣ даъват шудаанд. Барномаи форум маҷлисҳои пленарӣ, муҳокимаҳои соҳавӣ, намоишгоҳҳо ва мулоқотҳои формати В2В ва G2В -ро фаро мегирад.
Таҷрибаи баргузории чунин платформаи байналмилалӣ дар Душанбе метавонад мавқеи Тоҷикистонро дар харитаи ҷаҳонии саноати сабук тақвият бахшад ва ба ҷалби бештари сармоя ва шарикони стратегӣ мусоидат кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Аз таҳсил дур монда буд”. Милитсияи пойтахт наврасеро аз волидонаш гирифта, ба мактаби махсус супурд
Хабарнигори “Ал-Ҷазира”: иқтисоди Тоҷикистон яке аз иқтисодҳои босуръат рушдёбандаи Осиёи Марказӣ аст
Намояндаи Ҳиндустон: Забони англисӣ забони сеюми СҲШ шуд
Вазорати хориҷаи Русия: Ҷанги Русияву Аврупо кӯтоҳ ва барқосо хоҳад буд