


Талафоти Исроил дар ҷанги 12-рӯза фош шуд: 805 кушта ва беш аз 30 миллиард доллар хисорот

Ҷон Керрӣ: “Эрониҳо ҳувияти қавӣ доранд. Дониши атомӣ бо бомбаборон аз байн намеравад”

“Пирамарди хаёлӣ”-и Кохи сафед дар муҳосираи “CNN” ва ифшогарон

Мақомоти амрикоӣ мегӯянд Барномаи атомии Эрон нобуд нашудааст
Рӯзи сиёҳи журналистон дар Исроил. Мақомоти исроилӣ шадидан фаъолияти расонаҳоро маҳдуд кардаанд
Дар пасманзари оғози ҷанг миёни Исроил ва Эрон масъалаи озодии расонаҳо ва нақши онҳо дар ин муноқиша ба мавзуи доғ табдил шудааст.
Мухолифони ҳукумати Исроил дастрасӣ ба “иттилоот” –ро шадидан маҳдуд кардаанд. Онҳо гуфтаанд, ки нашри гузориш ва аксҳо аз ҷараёни ҳамлаҳои мушакии Эрон эътибори байналмилалии Исроилро аз байн хоҳад бурд. Яир Лапид, роҳбари мухолифони Исроил дар изҳороте гуфт, ки “Маҳдуд сохтани дастрасӣ ба иттилоот дар вақти ҳамлаҳои Эрон кӯшишҳои таблиғотии моро вайрон мекунад ва ҳамдардии ҷаҳониро ба мо коста месозад”.
Ин дар ҳолест, шабакаи "CNN" ба нақл аз сарчашмаҳои дохилӣ гузориш дод, ки вазирони ростгарои ҳукумат таҳдид кардаанд, нисбат ба расонаҳои хориҷие, ки аз маконҳои мавриди ҳадафи ҳамлаҳои Эрон қароргирифта навор ё гузориш пахш кардаанд, чораандешӣ хоҳанд кард.
Тибқи гузориши расонаҳои исроилӣ полиси кишвар нашр кардани мустақили наворҳоро аз сӯи шабакаи хориҷӣ, аз ҷумла "Ал-Ҷазира" дар шаҳрҳои гирифтори ҳамла қатъ кард. Вазири амнияти миллии Исроил - Бен Гвир барои чандумин бор ба “Ал-Ҷазира” ҳамла карда, онро “таҳдид ба амнияти миллӣ” хонд ва талаб кард, шахсе, ки бо ин шабака ҳамкорӣ дорад, ба полис муаррифӣ шавад. Полиси Исроил мегӯяд, ин иқдом бо дастури бевоситаи Бен Гвир, комиссари полис Дани Леви ва бо ҳамоҳангии вазири алоқа Шломо Карай анҷом ёфтааст.
Дар идома телевизиони 12 –и Исроил хабар дод, ки як наворбардори муттаҳам ба ҳамкорӣ бо "Ал-Ҷазира" боздошт шудааст. Сензураи шадид ва мавқеи сахти ҳукумат нисбат ба расонаҳо дар пайи ҷанги ҳавоӣ миёни Исроил ва Эрон аст, ки аз 13-уми июн оғоз шуд. Исроил ин ҳамларо бо номи рамзии “Шери бархоста” оғоз кард, ки дар ҷараёни он якчанд маркази низомӣ ва илмии Эрон, аз ҷумла сарчашмаҳои эҳтимолии атомӣ мавриди ҳадаф қарор гирифтанд.
Бар асоси иттилооти сарчашмаҳои мухталиф Исроил ҳамчунин, якчанд шахсиятҳои калидиро, ки бо Барномаи атомии Эрон алоқаманданд, ҳадафмандона кушт. Эрон дар посух ба ин ин ҳамлаҳо ҳамон рӯз амалиёти мушакии “Ваъдаи содиқ 3” –ро роҳандозӣ кард. Дар ҷараёни он садҳо мушаки баллистикӣ ва ҳавопаймои бесарнишин ба самти шаҳрҳои исроилӣ равона шуданд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон мехоҳад бо баргузории нахустин форуми нассоҷӣ сармоягузории хориҷиро ҷалб кунад
Дар як амалиёти Ҳамос 20 низомии исроилӣ дар Ғазза куштаву захмӣ шудааст
Нафақагирон зиёд шуданд. Шумораи онҳо чанд аст?
Трамп ба маҳсулоти воридотӣ аз Қазоқистон 25% боҷи гумрукӣ ҷорӣ кард
