Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Дар Тоҷикистон 3,5 ҳазор нафарро барои “талафоти барқ” ба ҷавобгарии қонунӣ кашиданд
Дар шаҳри Душанбе бо ширкати муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода оиди қонуншиканиҳои соҳаи барқ ҷаласа баргузор гардид ва дар он таъкид шуд, ки дар давоми моҳҳои ахир беш аз 3,5 ҳазор нафарро барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ба ҷавобгарии қонунӣ кашидаанд.
Дар ҷаласаи имрӯз, ки таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон Умоналӣ Усмонзода доир гашт, масъалаи роҳандозии тадбирҳо барои коҳиши талафоти неруи барқ ва беҳтар сохтани кори шабакаи энергетикӣ баррасӣ шуд.
Ҷаласа дар бинои Ширкати холдини кушодаи “Барқи тоҷик” доир шуда, намояндагони вазорат ва идораҳои дахлдор, сохторҳои қудратӣ, мақомоти маҳаллӣ ва мутахассисони соҳаи энергетика дар он ширкат намуданд.
Мавзуи меҳварии нишаст татбиқи иттилои расмӣ, мубориза бо талафоти ғайриқонунии неруи барқ ва таҳкими назорат барои истифодабарии он буд. Ба гуфтаи Усмоналӣ Усмонзода ислоҳоти ахири қонунгузорӣ, ки рӯзи 15-уми апрели соли ҷорӣ бо фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қабул гардиданд, ба таври ҷиддӣ масъулияти ҳуқуқӣ барои дахолат ба асбобҳои ченкунӣ ва истифодаи нодурусти барқро сахтар мекунанд.
Сарвар Азимзода, муовини Додситони кулли Тоҷикистон дар ҷараёни ҷаласа иттилоъ дод, ки фақат дар панҷ моҳи аввали соли 2025 520 ҳолати вайрон кардани қонунгузорӣ дар соҳаи энергетика сабт гардида, тиқби санҷиши прокурурорӣ 25 парвандаи ҷиноятӣ ва 250 парвандаи маъмурӣ оғоз карда шудааст. Аз ҳисоби корбарони қарздор беш аз 13 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ гардидааст.
Бар асоси маълумоти пешниҳодшуда дар маҷмуъ 130 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тақрибан 3,5 ҳазор нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Илова бар ин, беш аз 39 миллион сомонӣ зарари расонидашуда барқарор шуда, зиёда аз 200 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид