Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”
Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Тоҷикистону Афғонистон ва Ӯзбекистон дар бахши хизматрасониҳои интернетӣ муштаракан кор мекунанд
Расонаҳои афғонистонӣ хабар медиҳанд, ки бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон нишасти сеҷонибаи роҳбарони ниҳодҳои технологӣ ва алоқаи Тоҷикистону Афғонистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе баргузор гашт.
Дар нишасти сеҷонибаи раиси Хадамоти алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло, вазири технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Шерматов ва сарпарасти Вазорати мухобирот ва технологияҳои нави Афғонистон Наҷибуллоҳ Ҳаётӣ Ҳаққонӣ масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология, алоқа ва хизматрасониҳои почтавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ниҳодҳои марбутаи технология ва ақолаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Афғонистон дар хусуси густариши ҳамкориҳо дар соҳаи алоқа ба созиш расида, таъкид намуданд, ки ҳамкориҳои муштаракро дар ин замина идома хоҳанд дод.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар хусуси ҳамкориҳои минтақавӣ барои рушди технологияҳои иттилоотӣ, мухобирот ва хизматрасониҳои почтавӣ гуфтугӯ карданд. Гуфта мешавад, ки нишасти сеҷонибаи мазкур бо ташаббуси раиси Хадамоти алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Президенти Сербистон истеъфо дод