1 Октябр 2026,
панҷшанбе, 04:22, Душанбе
06.06.2025 09:28

Завқизода бо раҳбари нави Бонки рушди Олмон дар бораи об, тандурустӣ ва рушди устувор гуфтугӯ намуд

Завқизода Завқӣ, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори тозатаъйини Бонки рушди Олмон дар Осиёи Марказӣ Петар Георгиев ва роҳбари собиқи он Андреас Шнайдер мулоқот намуд.

Вазир дар ҷараёни мулоқот ба Ҳукумати Федеративии Олмон ва роҳбарияти Бонки рушди Олмон барои ҳамкориҳои самарабахш дар тӯли солҳои гузашта ва саҳми арзанда дар рушди инфрасохтори иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуд.

“Бо шарофати сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равобити шарикӣ бо сохторҳои молиявии Олмон, аз ҷумла бо Бонки рушди Олмон босуръат рушд мекунад ва ба марҳилаи нави ҳамкорӣ ворид мегардад”- гуфт Завқизода Завқӣ.

Ду тараф ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои муштараки мавҷударо баррасӣ карда, омодагии худро барои анҷоми саривақтӣ ва босифати онҳо таъкид намуданд. Дурнамои рушди ҳамкориҳои минбаъда дар бахшҳои таъмини об, тандурустӣ ва рушди устувори иқтисодӣ дар меҳвари гуфтугӯи дуҷониба қарор гирифт.

Завқӣ Завқизода аз роҳбари пешини Бонки рушди Олмон Андреас Шнайдер барои касбияти баланд ва ҳимояти фаъолона аз ташаббусҳои иҷтимоии муҳимми Тоҷикистон сипосгузорӣ намуда, ба роҳбари нав Петар Георгиев барои оғози иҷрои вазифаҳои худ барор ва муваффақият таманно намуд.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз Олмон даъват намуд, ки масъалаи баррасии эҳтимолии барқарор кардани мақоми Тоҷикистон дар рӯйхати шарикони расмии Олмон талош намояд, зеро ин иқдом ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат хоҳад кард.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои таҳкими ҳамкориҳо ва татбиқи лоиҳаҳои нав зоҳир намуданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

30.09.2026 15:45

Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”

Аз 22-юми октябр дар кинотеатрҳои кишвар филми «Хуршеду Моҳ» ба намоиш гузошта мешавад. «Хуршеду Моҳ филми нави ошиқона буда, дар бораи ишқи нокоми Хуршед ва Моҳ қисса мекунад. Dialog.tj бо коргардон ва муаллифи филмномаи «Хуршеду Моҳ» Манзаралӣ Шералӣ суҳбат кард, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мекунем.
30.09.2026 15:04

Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд

Мақомоти Тоҷикистону Қатар масъалаи сармоягузорӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки иқтисодии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар мулоқоти мақомоти ду кишвар раванди иҷрои лоиҳаи “Диёри Душанбе” мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
30.09.2026 14:33

Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст

Гардиши тиҷорати Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли 2026 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми савдои ду кишвар дар ин давра ба тақрибан 855 миллион доллар расидааст.
30.09.2026 06:37

Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд

Маркази хабарнигорони Афғонистон эълом кардааст, ки аз замони тасаллути гурӯҳи террористии Толибон дар соли 2021, тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ ба иттиҳоми риоя накардани дастурҳои сахтгиронаи расонаии ин гурӯҳ боздошт ё зиндонӣ шудаанд.