Роберто Кардарелли: “Тоҷикистон имрӯз ба қарзи Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад”
Тоҷикистон барои ҳамгироӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ талош дорад
Як ширкати қазоқӣ дар Тоҷикистон аз қаъри замин кони металҳои рангаро ҷустуҷӯ мекунад
Shohin Airlines ба чор минтақаи кишвар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад
Ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд бо корҳои сохтмонӣ дар Роғун шинос шуд
Дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон барои иштирок дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряҳо Ингминг Янг, ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд аз неругоҳи барқи обии Роғун боздид намуд. Ин боздид бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва баррасии рушди имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика сурат гирифт.
Дар ҷараёни боздид Ингминг Янг бо масъулони лоиҳа суҳбат намуда, аз пешрафти корҳои сохтмонӣ ва нақшаи ояндаи сохтмон ошно шуд. Ӯ таъкид кард, ки Бонки Осиёии Рушд омода аст дар амалӣ сохтани лоиҳаҳои энергетикӣ, аз ҷумла бунёди неругоҳи барқи обии Роғун бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад.
Неругоҳи Роғун, ки дар дарёи Вахш бунёд мешавад, бо баландии 335 метр, баъди пурра ба фаъолият оғоз намудан, яке аз баландтарин обанбор дар сатҳи ҷаҳон хоҳад буд. Қувваи умумии он 3600 МВТ пешбинӣ шудааст, ки барои таъмини ниёзҳои энергетикии Тоҷикистон ва минтақа аҳамияти калон дорад.
Бар асоси иттилои расмӣ Бонки Осиёии Рушд дар тӯли ҳамкориҳои худ бо Тоҷикистон беш аз 2,7 миллиард доллари амрикоӣ барои амалӣ намудани 190 лоиҳа сармоягузорӣ намудааст. Лоиҳаҳои асосии сомоягузорӣ намудани бонки мазкур асосан дар соҳаи маориф, тандурустӣ, энергетика ва нақлиёт роҳандозӣ шудаанд.
Боздиди ноиби президенти бонки зикршуда Роғунро қадами устувор дар самти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ниҳодҳои муътабари байналмилалӣ донист.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҷинпин хостори нақши пешсафи Чину Русия дар ташкили низоми ҷаҳонии бисёрқутбӣ шуд
Путин дар Чин: “Таҳримҳои Ғарб бар зидди Русия ноком аст”
Бонки ҷаҳонӣ: камбуди об ва фишори иқтисодӣ зиндагии миллионҳо сокини Афғонистонро душвор кардааст
Сафири Тоҷикистон бо намояндаи Толибон масъалаи таъсиси бозор дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро баррасӣ кард