Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”
Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Раиси Хадамоти алоқа гуфт, ки чӣ гуна сифати алоқаро баланд мекунанд
Исфандиёри Саъдулло, раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон дар як суҳбат бо сомонаи “Пресса тч” гуфтааст, ки беҳтар шудани сифати алоқа пеш аз ҳама ба фаъолияти ширкатҳои мобилӣ вобаста аст ва барои ҳалли ин масъала ҳам Хадамот ва ҳам ширкатҳо кор карда истодаанд.
Ӯ афзуда, ки бо зиёд шудани шумораи корбарони интернет сарбории техникӣ низ зиёд гардидааст ва Хадамот якҷо бо ширкатҳои мобилӣ соли ҷорӣ насби 2100 истгоҳи базавии 4G ва 5G-ро ба нақша гирифтаанд.
Ба иттилои Исфандиёри Саъдулло, ширкатҳои мобилӣ вазифадор шудаанд, ки суръати насби шабакаҳоро афзояд. Ҳамчунин, ҳамкории онҳо бо мақомоти маҳаллӣ тақвият ёфтааст, ки албатта барои насби истгоҳҳои базавӣ мусоидат хоҳад кард.
“Ҳамзамон, мо хатҳои магистралиро таҳти назорати ҷиддӣ гирифта, барои таҷдиди онҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд музокирот оғоз кардем. Зеро бе хатҳои магистралӣ, ҳатто бо 4G ва 5G, суръати интернет қонеъкунанда нахоҳад буд”, - гуфтааст Исфандиёри Саъдулло.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Президенти Сербистон истеъфо дод