Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”
Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гардиши савдои Эрон бо кишварҳои узви СҲИ ба беш аз 27 миллиард доллар расидааст
Ҳаҷми тиҷорати Эрон бо кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) дар солҳои 2024-2025 аз ҷиҳати вазн ба 36 миллиону 235 ҳазор тонна ва аз ҷиҳати арзиш ба 27 миллиарду 626 миллион доллар расид.
Тибқи омори гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон аз маҷмуи савдои ин кишвар бо кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) дар соли 2024-2025 8 миллиону 227 ҳазор тон ба арзиши 13 миллиарду 543 миллион доллар ба воридот ва 28 миллиону 8 ҳазор тон ба арзиши 14 миллиарду 83 миллион доллар ба содирот марбут аст.
Содироти ғайринафтии Эрон ба кишварҳои узви СҲИ дар солҳои 2024-2025 аз ҷиҳати вазн 38, 7 фоиз ва аз ҷиҳати арзиш 37, 5 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар ҳисоботи гумрукии Эрон зикр мешавад, ки воридот аз кишварҳои узви СҲИ дар ин давра аз ҷиҳати вазн 36 фоиз ва аз ҷиҳати арзиш 54, 5 фоиз афзоиш доштааст.
Бештарин содироти ғайринафтии Эрон ба кишварҳои увзи СҲИ дар ин давра ба Туркия бо арзиши 6 миллиарду 889 миллион доллар, ба Покистон 2 миллиарду 423 миллион доллар, ба Афғонистон 2 миллиарду 414 миллион доллар ва ба Туркманистон 572 миллион доллар сурат гирифтааст.
Бештарин воридот аз кишварҳои узви СҲИ ба Эрон аз Туркия ба арзиши 12 миллиарду 474 миллион доллар, аз Покистон 706 миллион доллар ва аз Тоҷикистон 93 миллион доллар будааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Британия таҳримҳои нави ҷоринамуда бар зидди Эронро ба иҷро даровард
Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”