Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”
Бонки исломии рушд ба сармоягузорӣ дар Роғун таваҷҷуҳ зоҳир кард
Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҷаласаи солонаи Бонки исломии рушд, ки рӯзҳои 22-юм ва 23-юми май багузор мешавад, ба Алҷазоир сафар кард. Завқӣ Завқизода дар ҷараёни сафари кории худ бо президенти Бонки исломии рушд Муҳаммад Сулаймон ал- Ҷасир мулоқот намуда, масъалаи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кард.
Дар ҷараёни мулоқот ду тараф вазъияти ҳозира ва дурнамои ояндаи амалишавии созишномаҳои ҳосилшуда дар ҷараёни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо президенти Бонки исломии рушдро баррасӣ карданд. Дар ин мулоқот ба самтҳои асосии ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла сармоягузорӣ дар сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
“Аз оғози ҳамкорӣ бо Бонки исломии рушд ба Тоҷикистон беш аз 916 миллион доллари амрикоӣ ҷалб шудааст. Аз ин миқдор 550 миллион доллар барои пуштибонӣ аз бунёди неругоҳи барқи обии Роғун ихтисос дода шудааст. 150 миллион доллари онро мустақиман Бонки осиёии рушд ва 400 миллион доллари дигарро Сандуқи арабии рушд ба кумаки ин бонк пардохт кардаанд”- афзуд Завқизода Завқӣ.
Президенти Бонки исломии рушд Муҳаммад Сулаймон ал-Ҷасир ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карда, афзуд, ки бонки мазкур омода аст барои рушди босуботи иқтисоди Тоҷикистон ба лоиҳаҳои нав сармоягузорӣ кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”
ИМА аз поёни миссияи низомӣ дар Ироқ хабар дод
Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст