19 Июн 2025,
панҷшанбе, 18:19, Душанбе
07.05.2025 08:35

Шарҳи мутахассис: Ҷазои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ то кадом андоза сангин аст?

Моҳи апрел дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми майи соли 1998 қабул шуда буд, иловаҳо ворид карда шуд. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Моддаи 2531 “Вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ” ворид карда шуд:

“Аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, – бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад...” Ин чӣ маъно дорад ва барои бо забони сода фаҳмонидани ин тағйироти воридшуда ва ҷазоҳои пешбининамудаи қонун бо сардори раёсати њуќуќи  Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазонзода Хусрав Нурулло суҳбат намудем, ки фишурдаи онро меорем:

Шарҳи қисми якуми моддаи иловашуда: “Аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ...”

Дахолат ба ҳисобкунаки барқӣ ва тағйири нишондоди он

- Яъне аз ҷониби муштарӣ, ки бо ташкилоти таъминкунандаи барқ шартнома ба имзо расонидааст ва ҳисобкунаки барқӣ васл шудааст, бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ дахолат намуда, нишондоди онро тағйир медиҳад. Ҳамзамон, дар диспазитсияи қисми якуми модда кирдори дигаре низ пешбинӣ гардидааст, яъне истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ. Ин чӣ маъно дорад? Яъне истифодабарандаи қувваи барқ, бе васлкунии ҳисобкунаки барқӣ (ба истилоҳи шаҳрвандон “счетчик”) ба шабакаҳои барқӣ пайваст шуда, қувваи бақро истифода мебарад. Ин кирдорҳои қисми якуми модда, ки гуфта гузаштем, ҳангоме ҳамчун ҷиноят эътироф мегардад, ки дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад. Яъне шахс дар давоми як соле, ки нисбати ӯ ҷазои маъмурӣ татбиқ шуда бошад, дар боз ҳамин кирдорро такрор кунад, аллакай кирдори ӯ бо ҳамин қисми якуми моддаи иловагардидаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон банду баст карда мешавад.

Ҷазо бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 3 сол

- Барои кирдори дар қисми якуми модда бо ҷарима ба андозаи аз 365 то 547 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 3 сол ҷазо дода мешавад. Пас, агар имрӯз як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 75 сомонӣ бошад, барои содир намудани кирдори дар қисми якуми модда пешбинигардида тахминан аз 27 ҳазор сомонӣ то 41 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ гардидааст.

Қисми дуюми модда ва шарҳи бандҳои А, Б ва В.

- Акнун мегузарем ба диспозитсияи қисми дуюми модда. Дар ин ҷо кадом кирдор пешбинӣ гардидааст? Ҳамин кирдор, яъне кирдори дар қисми якуми модда пешбингардида, агар: банди А ба миқдори калон, банди Б аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ва банди В аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад.

Биеёд аввал аз шарҳи миқдори калон сар мекунем. Таҳти мафҳуми ба миқдори калон дар моддаҳои ҳамин боби Кодекси ҷиноятӣ, яъне боби “Ҷиноятҳо ба муқобили моликият” андозаи арзиши молу мулке дар назар дошта шудааст, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо 1000 маротиба зиёдтар мебошад.

Шарҳи банди А

1000 маротиба нишондиҳанда барои ҳисобҳо ин барбар аст ба 75 ҳазор сомонӣ, яъне зарари расонидашуда ба ташкилоти таъминкунандаи барқ дар натиҷаи аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин, истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ аз 75 ҳазор сомонӣ зиёд бошад, кирдори шахс ба банди А қисми дуюми модда баҳогузорӣ карда мешавад.

Шарҳи банди Б

Мегузарем ба банди Б. Боз ҳамин кирдори дар қисми 1 пешбинигардида, ки аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шуда бошад, чӣ маъно дорад?

Аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин, истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ аз ҷониби шахси мансабдор ё корманди ташкилоти таъминкунандаи барқ бошад ва содир кардани кирдори мазкур исбот гардад кирдораш ба ҳамин банди Б-и қисми дуюми модда баҳогузорӣ карда мешавад ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

Шарҳи банди В

Мегузарем, ба банди В-и қисми дуюми модда. Яъне ҳамин кирдор аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад.

Масалан, корхонаи саноатиро гирем, роҳбари корхона бо шахси мутасаддии хоҷагидориаш маслиҳати пешакӣ намуда, аз берун ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ дахолат намуда, нишондоди онро таѓйир медињанд,  инчунин қувваи барқро бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ истифода мебаранд. Ё дар ҳолати дигар намояндаи муштарӣ бо намояндаи ташкилоти таъминкунандаи барқ маслиҳати пешакӣ намуда, чи гунае, ки гуфтем ба ҳисобкунаки барқӣ аз берун дахолат намоянд ё бе ҳисобкунаки барқӣ барқро истифода намоянд, дар ин ҳолат ин кирдори содирнамудаи онҳо ба банди В-и қисми дуюми модда рабт дорад ва онҳо тибқи он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.   

  Барои содир намудани кирдорҳои қисми дуюми модда ҷарима ба андозаи аз 800 то 1200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 6 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то 3 сол ҷазо дода мешавад.

Боз ба нишондиҳанда мегузарем, чӣ гунае, ки гуфтем дар қисми дуюми модда аз 800 то 1200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ гардидааст. Яъне ин баробар аст, аз 60 ҳазор сомонӣ то 90 ҳазор сомонӣ ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 6 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то 3 сол ҷазо пешбинӣ гардидааст.

Қисми сеюми модда: кирдорҳои қисми якум ва дуюми модда

Агар банди А ба миқдори махсусан калон ва банди Б аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳодияҳои ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир шуда бошад.

Муҳтавои банди А қисми сеюм ба миқдори махсусан калон

Ба миқдори махсусан калон дар ҳамин боби Кодекси ҷиноятӣ арзиши молу мулке фаҳмида мешавад, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ду ҳазор маротиба зиёдтар мебошад.

Агар дар натиҷаи содир намудани кирдорҳои дар қисми якум ва дуюми модда зарари расонидашуда ба ташкилоти таъминкунандаи барқ аз 150 ҳазор сомонӣ зиёд бошад, кирдори содирнамуда ба банди А қисми сеюми модда банду баҳогузорӣ мешавад.

Гурӯҳи муташаккил ё иттиҳодияҳои ҷиноятӣ

Банди Б қисми сеюм кирдорҳои содирнамудаи қисми якум ва дуюми модда агар аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳодияҳои ҷиноятӣ (яъне, ташкилоти ҷиноятӣ) содир шуда бошад, пас, ҷиноят аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содиршуда эътироф мешавад, албатта, агар он аз ҷониби гурӯҳи устувори шахсоне, ки пешакӣ барои содир кардани як ё якчанд ҷиноят муттаҳид шудаанд, содир шуда бошад. Дар ин ҳолат ҷиноят дар ҳолате аз ҷониби иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содиршуда эътироф мешавад, ки агар онро узви чунин иттиҳод ҷиҳати иҷрои мақсадҳои ҷинояткоронаи он, инчунин, бо супориши иттиҳоди ҷиноятӣ шахсе содир карда бошад, ки узви иттиҳоди ҷиноятӣ нест.

Ҳамзамон, қайд намудан лозим аст, ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйирот ворид карда шудааст, ки барои содир намудани кирдорҳое, ки гуфта гузаштем, дар сурати набудани аломатҳои таркиби ҷиноят ҷарима ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 20 то 30, ба шахсони мансабдор аз 30 то 50 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 200 то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Дар охир аз шаҳрвандони муҳтарам эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки баҳри сарфаю саришта истифода бурдани захираҳои энергетикии кишвар аз ҷумла неруи барқ кӯшиш намуда, ба дуздии он даст назананд, то ки боиси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани онҳо нагардад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

19.06.2025 17:53

Дар Фаронса боз як кӯчаи дигарро ба номи Аҳмадшоҳ Масъуд номгузорӣ карданд

Дар як иқдоми рамзӣ Шурои шаҳри Рейм дар шимоли Фаронса яке аз кӯчаҳои минтақаи фарҳангӣ ва илмии “Магазан”-ро ба номи Аҳмадшоҳ Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон ва фармондеҳи шинохтаи муқовимат бар зидди терроризм номгузорӣ кард.
19.06.2025 17:39

Муҳаммад Наимов аз ҳамватанон узр пурсид

Муҳаммад Наимов, размкори шинохтаи тоҷик, ки шоми 21-уми июн муҳорибаи шашумашро дар ташкилоти UFC доир мекунад, дар нишасти матбуотии пеш аз рақобат аз мухлисону алоқамандони муҳорибаҳои омехта узр пурсид.
19.06.2025 16:46

Дар Тоҷикистон 3,5 ҳазор нафарро барои “талафоти барқ” ба ҷавобгарии қонунӣ кашиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ширкати муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода оиди қонуншиканиҳои соҳаи барқ ҷаласа баргузор гардид ва дар он таъкид шуд, ки дар давоми моҳҳои ахир беш аз 3,5 ҳазор нафарро барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ба ҷавобгарии қонунӣ кашидаанд.
19.06.2025 10:31

Толибон 7 нафарро барои фурӯши шароб шаллоқ зада ва зиндонӣ карданд

Гурӯҳи террористии Толибон аз муҷозоти 7 нафар бо ҷурмҳои мухталиф хабар додааст. Ин гурӯҳ навишт, 7 нафарро дар Кобул ба ҷурми содир кардани ҷинояти “фурӯш шароб” ва “маводи мухаддир” боздошт намуда, аз 7 моҳ то 2 сол зиндонӣ кардаанд.
19.06.2025 10:18

Сафири Тоҷикистон хоҳони баргузории брифинги сайёҳии вижа дар Абу-Дабӣ шуд

Ашрафҷон Гулов, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи 16-уми июн бо Муҳаммад Солеҳ ал-Ҷазирӣ, Директори генералии Мақомоти фарҳанг ва сайёҳии Аморати Абу Дабӣ мулоқот намуда, масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳиро баррасӣ намуд.
19.06.2025 10:07

Омадани сел, хокбориш ва ифлосшавии ҳавои атмосферӣ пешгӯӣ мешавад

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки чор рӯз, аз 19-ум то 22-юми июн дар кишвар баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ пешгӯӣ мешавад.
19.06.2025 10:04

Дар Тоҷикистон муассисаҳои томактабии хусусиву алтернативӣ зиёд шудаанд

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ оид ба муҳокимаи лоиҳаи нави “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030” ва нақшаи чорабиниҳои он баргузор гардид.
19.06.2025 04:59

Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Амрико бояд бидонад, миллати Эрон таслим намешавад”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, роҳбари олии Эрон бо нашри паёми телевизионӣ дар вокуниш ба изҳороти ахири Президенти Амрико гуфт, ки “миллати Эрон дар мақобилаи ҳар гуна таҳмил, чӣ ҷангӣ ва чӣ сулҳомез, истодагарӣ хоҳад кард ва таслим нахоҳад шуд”.
19.06.2025 04:50

Исроил тасдиқ кард, як ҳавопаймои бесарнишинаш аз сӯи Эрон сарнагун шудааст

Неруҳои мусаллаҳи Исроил дар як изҳороти расмӣ рӯзи чоршанбе эълон кард, ки ҳавопаймои бидуни сарнишини Исроил баъд аз он, ки аз сӯйи мушаки замин ба ҳавои неруҳои Эрон мавриди ҳадаф қарор гирифт, сарнагун шуд.
19.06.2025 04:43

Русия ҳушдор дод. Кумаки Амрико ба Исроил боиси нооромии бештар мешавад

Вазорати корҳои хориҷии Русия ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳушдор дод, ки ҳар гуна кумаки мустақими низомии Вашингтон ба Исроил дар муқобили Эрон метавонад боиси нооромии фарогир дар Ховари Миёна гардад.