4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:48, Душанбе
03.05.2025 08:33

Манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон 15,8% афзудааст

Агентии байналамилалии манбаъҳои барқароршаванда гузориш медиҳад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 10 соли ахир (2015-2024) иқтидори насби манбаъҳои барқароршавандаи энергия 15,8% ё 781 мегаватт (мвт) афзоиш ёфтааст.

Тибқи иттилоъ иқтидори умумии манбаъҳои барқароршавандаи энергия аз 4957 мвт дар соли 2015 то 5738 мвт дар соли 2024 зиёд шуд ва ин асосан ба неругоҳҳои барқии обӣ рост меояд.

Бар асоси маълумотҳо дар Тоҷикистон ҳоло 98 фоизи неруи барқ аз сарчашмаҳои обии хурд истеҳсол мешавад. Тоҷикистон дар ҷаҳон аз ҳисоби истеҳсоли “энергияи сабз” аз манбаъҳои барқароршаванда дар ҷойи шашум қарор дорад.

Ҳоло Тоҷикистон аз нигоҳи истеҳсоли “энергияи сабз” дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пешсаф аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо