Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”
Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
6047 дар се моҳ. Афзоиши воридоти мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон
Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар се моҳи аввали соли 2025 ба кишвар 6047 мошини барқӣ ворид шуда, шумораи электромобилҳо, автобусҳо ва микроавтобусҳо, воситаҳои нақлиёти барқии боркаш ва воситаҳои махсуси борбардорӣ, ки ҳамагӣ барқӣ мебошанд, ба 27580 расидааст, ки ин нисбат ба як соли пеш 9885 адад зиёд аст.
Гуфта мешавад, ки воридоти мошинҳои барқӣ дар доираи «Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» амалӣ карда мешавад, ки лоиҳаи он аз ҷониби Вазорати нақлиёт дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми декабри соли 2021 таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати мамлакат аз 31-уми октябри соли 2022 таҳти рақами 532 қабул шудааст.
Ҳукумати кишвар соли 2022 воридоти мошинҳои барқиро аз андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод намуда, тасмим гирифтааст, ки ҳиссаи мошинҳои барқиро дар қаламрави ҷумҳурӣ дар шумораи умумии мошинҳо то 20-30% зиёд кунад.
Ҳамчунин, тибқи маълумоти Вазорат нақлиёти ҷамъиятӣ навсозӣ гардида, ба наздикӣ дар пойтахт микроавтобусҳои барқии истеҳсоли Чин ба кор дароварда шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад