Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Арабистони Саудӣ ба роҳҳои муҳимми нақлиётӣ ва логистикӣ сармоягузорӣ мекунад
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид Абдураҳмон Ар-Рушайдон мулоқот намуда, масъалаҳои муҳимми дуҷонибаи ҳамкорӣ миёни ду кишварро баррасӣ намуд. Ду тараф паҳлӯҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши роҳ ва нақлиётро баррасӣ карданд. Дар ин хусус Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар мулоқот аз нақша ва лоиҳаҳои кишвар барои рушди минбаъдаи соҳаи роҳ, нақлиёт ва инфрасохтори он, ки тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 таҳия гардидааст, иттилоъ дод.
“Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ тасмими Тоҷикистон барои рушди соҳаи нақлиёт, ки яке аз бахшҳои калидии иқтисодиёт ба шумор меравад, нек арзёбӣ карда, барои иштироки ширкатҳои кишвараш дар хусуси татбиқи онҳо изҳори омодагӣ кард”- хабар медиҳад Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Дар рафти суҳбат ду тараф ба созиш расиданд, ки Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои созишномаро дар хусуси ҳамлу нақли байналмилалӣ миёни ду кишвар таҳия намуда, барои баррасӣ ба ҷониби Арабистони Саудӣ пешниҳод кунанд.
Тарафҳо масъалаи ҷабли сармояи Арабистони Саудӣ барои бунёд ва ба истифода додани марказҳои агрологистикӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Хуҷандро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид