30 Сентябр 2026,
чоршанбе, 14:31, Душанбе
10.04.2025 18:08

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2025 7, 4 % рушд мекунад

Бар асоси пешбинии Бонки рушди Осиё (БРО) иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои 2025-2026 ба рушди худ идома медиҳад. Тибқи пешбинии ин ниҳоди иқтисодии ҷаҳонӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2025 7,4% ва дар соли 2026 6,8% рушд мекунад. Иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2024  8,4 дарсад афзоиш доштааст.

Бонки рушди Осиё пешбинӣ дар мавриди рушди иқтисодии Тоҷикистонро дар гузорише бо номи “Шарҳи рушди Осиё” эълон намудааст.

Гуфта мешавад, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон аз ҳисоби сармоягузориҳои бузург дар соҳаи энергетика, саноат, талаботи баланди истеъмолӣ ва рушди бахши хусусӣ суръат мегирад. Бар асоси таҳлили коршиносони соҳа иқтисоди Тоҷикистон бо истифода аз иқтисоди рақамӣ ва идоракунии электронӣ суръати рушди бештарро таҷриба хоҳад кард.

“Ҳукумати Тоҷикистон ба табдили рақамӣ ҳамчун унсури калидии рушди кишвар афзалият медиҳад”- таъкид кард Уо Сакамото, намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон.

Намояндаи Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон таъкид кард, ин ниҳоди молиявӣ омода аст, барои бардоштани монеаҳои асосӣ, аз ҷумла камбуди сармоягузорӣ дар бунёди зерсохтори чандири рақамӣ барои расонидани хизматрасониҳои давлатии босифат ба Тоҷикистон кумак кунад.

Тибқи гузориш, дар соли 2025 сатҳи таваррум 5% ва дар соли 2026 низ ба 5, % фоиз хоҳад расид. Сабабҳои асосии рушди таваррум афзоиши қарзҳои истеъмолӣ, болоравии музди меҳнати кормандони давлатӣ, нафақа ва тарифҳо барои хизматрасониҳои коммуналӣ аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

30.09.2026 06:37

Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд

Маркази хабарнигорони Афғонистон эълом кардааст, ки аз замони тасаллути гурӯҳи террористии Толибон дар соли 2021, тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ ба иттиҳоми риоя накардани дастурҳои сахтгиронаи расонаии ин гурӯҳ боздошт ё зиндонӣ шудаанд.
29.09.2026 17:39

Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ пешниҳод намуд, ки саноати нимноқилҳову батареяи мошинҳои барқии ин кишварро метавонад бо металлҳои нодир ва ранга таъмин кунад.
29.09.2026 16:48

Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ-ро ба он муттаҳам кард, ки дар бархе масъалаҳо бар асоси “меъёрҳои дугона” ва ба манфиати кишварҳои ғарбӣ амал менамояд.