4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:49, Душанбе
10.04.2025 17:11

Расман “Лимит”-и барқ дар кишвар бекор мешавад

Маълум шуд, ки дар кишвар маҳдудияти барқ давоми ду рӯзи оянда бекор карда мешавад ва сокинон шабонарӯзӣ барқ хоҳанд дошт.

Шабакаҳои тақсимоти барқ хабар дод, ки дар ҷумҳурӣ маҳдудияти неруи барқ бекор мешавад. Манбаъ мегӯяд: “Рӯзҳои охир воридшавии об аз ҳисоби боришоти борон ва гарм шудани ҳаво дар дарёи Вахш зиёд шудааст ва дар як-ду рӯзи оянда маҳдудияти барқ пурра бекор мешавад”.

Ба гуфтаи мудири Раёсати назорати тақсимоти барқ дар ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” Муҳаммад Ғуломов маҳдудияти барқ бояд имрӯз бекор мешудааст, вале бо сабабҳое ба таъхир мондааст.

Ёдовар мешавем, ки охири соли гузашта ва аввали соли ҷорӣ шикояти сокинон доир ба маҳдудияти неруи барқ ва махсусан тибқи нақшаи пешбинишуда надодани он шунида мешуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо