29 Сентябр 2026,
сешанбе, 01:09, Душанбе
07.04.2025 11:15

Баррасии стандартҳои интернети 4G ва 5G дар Душанбе дар Форуми байналмилалии Хадамоти алоқа

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони байнамилалии алоқа ва Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа бо мақсади танзими спектори радиобасомад ва мадори моҳвораӣ форуми сатҳи байналмилалӣ баргузор мекунад.

Форуми мазкур имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа бо суханони ифтитоҳии Исфандиёри Саъдулло, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бородин Алексей Сергеевич, директори генералии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба кори худ оғоз кард.

Дар Форум Ксения Дроздова, директори генералии MOX Intersputnik, Дмитрий Ветлугин, намояндаи Eutelsat OneWeb доир ба проблемаҳои дастрасӣ ба бозорҳои системаҳои NGSO дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ ва Александр Гуляев, намояндаи ширкати Huawei Technologies Co., Ltd андешаронӣ мекунанд.   

Дар қисматҳои дигари Форум бояд масъалаҳои гуногуни марбут ба алоқа ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил карда шавад.

Зимни суханронии ифтитоҳӣ Исфандиёри Саъдулло, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории Форумро бо мақсади ба стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи ҷомеа мутобиқ намудани соҳаи алоқа, табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ дар бозори телекоммуникатсионӣ ва ғайра номид.

Дар идомаи Форум мутахассисон доир ба густариши  ҳамкориҳои мутақобили судманд миёни операторони алоқаи барқии кишвар, фароҳам кардани дастрасии ҳамсон ба алоқаи барқӣ дар кишварҳо, навсозии инфросохтори соҳа, бунёди майдонҳои нави истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ бо стандартҳои 4G ва 5G, муносиб намудани арзиши хизматрасониҳо, пайваст шудани шабакаҳои телекоммуникатсионии  кишвар ба таври мустақим ба системаи байналмилалии шабакаҳои кабелии зериуқёнусии Интернет, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҳузури фаъол ва маънодори кишвар дар платформаҳои  байналмилалии мубодилаи трафики Интернет, таъсиси марказҳо ва махзанҳои  коркарди маълумотҳои калонҳаҷм, густариши истифодабарии шабакаҳо ва технологияҳои алоқаи моҳвораӣ  ва дигар масъалаҳои ҷорӣ андешаронӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки форуми мазкур мутахассисонро аз 19 кишвари олам, аз қабили Федератсияи Русия, Беларус, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Муғулистон, Туркманистон, Афғонистон, Булғористон, Латвия, Литва, Болгария, Словения, ва намояндагони Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ITU) гирди ҳам овард.

Форуми мазкур дар доираи ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа, ки дар назар аст то 11 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе дар ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ дар чанд бахш идома ёбад, ташкил гардида, дар ҳоли баргузорӣ аст.  

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

28.09.2026 15:34

Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд

Имрӯз, 28-уми сентябр дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар муколамаи шарикони рушд оид ба мусоидат ба рушди савдо, сайёҳӣ ва рақобатпазирии минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
28.09.2026 11:11

Президенти Сербистон истеъфо дод

Александр Вучич, раиси ҷумҳури Сербистон, рӯзи якшанбе аз мақоми худ истеъфо дод ва ба давраи дуюм ва ниҳоии раёсати ҷумҳуриаш пеш аз анҷоми муҳлат хотима бахшид. Истеъфои ӯ роҳро барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ боз мекунад.
28.09.2026 10:58

Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад

Имрӯз, 28-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.
28.09.2026 10:57

Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст

Давоми ҳашт моҳи соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоҳати 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,3 дарсад зиёд мебошад.
28.09.2026 09:08

Раҳбари католикҳои ҷаҳон бар ҷилавгирӣ аз озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо таъкид кард

Поп Леои XIV-ум дар ҷараёни сафараш ба Фаронса, бо қурбониёни озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо дар ин кишвар дидор карда ва ваъда додааст, ки ҷилави ин гуна рафторҳоро дар миёни аъзои калисои католикӣ мегирад.
28.09.2026 08:33

Иштироки Пешвои миллат дар тантанаҳои идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хоруғ

27-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
28.09.2026 07:30

Президенти кишвар дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 90 иншоотро тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ 90 иншооти таъиноти гуногунро, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд ёфтаанд, ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
28.09.2026 06:29

Дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии Дуои модар ифтитоҳ шуд

27-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии Дуои Модарро мавриди истифода қарор доданд.