19 Ноябр 2026,
панҷшанбе, 01:39, Душанбе
04.03.2025 16:00

CASA-1000 соли 2027 фаъол мешавад. Барқи Тоҷикистону Қирғизистон то ба Покистон мерасад

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки хати интиқоли барқи фароминтақавии CASA-1000 то соли 2027 пурра ба истифода дода мешавад. Ба асоси иттилои вазорати мазкур, зерсохтҳои лоиҳаи интиқоли барқ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон пурра ба анҷом расидааст.

Лоиҳаи тарҳи интиқоли барқи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ солҳо боз мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифт ва дар ниҳоят дар соли 2026 кишварҳо барои оғози кори он созишнома имзо намуданд. Лоиҳаи интиқоли барқи CASA-1000 барқи Қирғизистону Тоҷикистонро ба кишварҳои Афғонистону Покистон интиқол медиҳад.

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки қисмати тоҷикистонӣ ва қирғизистонии лоиҳаи CASA-1000 пурра сохта шудааст. Ӯ зикр кардааст, ки қисмати покистонии лоиҳаи мазкур дар нимсолаи соли 2025 такмил хоҳад шуд.

“Лоиҳаи CASA-1000 бузургтарин тарҳи минтақавист, ки бо ширкати чор кишвар амалӣ мегардад. Хушбахтона, корҳои сохтмонӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон пурра ба анҷом расидаанд. Дар Покистон сохтмон бо суръати баланд идома дорад. Интизор меравад, ки сохтмон дар Покистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба анҷом расад” – таъкид кард Далер Ҷумъа.

Вазири тоҷик дар робита ба қисмати афғонистонии лоиҳаи мазкур изҳори назар карда, таъкид намуд, масъалаи асосии пешрафти лоиҳа дар солҳои ахир қатъ гардидани маблағгузории бахши Афғонистонӣ аз сӯйи шарикони рушд буд: “Пас аз музокироти тӯлонӣ ва эътирофи аҳамияти лоиҳа ин масъала дар сатҳи байналмилалӣ бо шарикони рушд ҳалли худро ёфт. Соли гузашта маблағгузории бахши Афғонистон дубора оғоз шуд. Ҳоло сохтмон идома дорад ва интизор меравад, ки корҳои сохтмонӣ дар ин бахш то охири соли 2026 анҷом ёбад. Лоиҳа пурра дар соли 2027 ба истифода дода мешавад” - гуфт вазири тоҷик.

Бар асоси арзёбиҳо  лоиҳаи хатти интиқоли барқи CASA-1000 боиси ташкил гардидани бозори воҳиди барқ гардида ва ба тиҷорати он мусоидат мекунад. Дар доираи ин лоиҳа Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонанд дар мавсими тобистон 1,300 МВТ барқи изофии худро ба кишварҳои Ҷануби Осиё, аз ҷумла Покистон содир кунанд.

Лоиҳаи CASA-1000 аз сӯйи Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки аврупоии сармоягузорӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ ҳимояти молӣ мешавад. Сохтмони лоиҳаи CASA-1000 моҳи майи соли 2016 оғоз гардид.

Гуфта мешавад, ки то ибтидои моҳи феврали соли 2024 Тоҷикистон ҳамаи корҳои сохтмонии хати интиқоли барқи CASA-1000 –ро анҷом додааст ва танҳо масъалаи танзиму пайвастшавӣ боқӣ мондааст.

Дар Қирғизистон сохтмони инфрасохтори энергетикӣ дар доираи CASA-1000 моҳи ноябри соли 2024 пурра ба анҷом расидааст.

Ширкати миллии барқи Афғонистон “Брешно” гуфтааст, ки баъди таъхири дусола, сохтмони лоиҳа моҳи майи соли 2024 бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ  дубора аз сар гирифта шуд: “Интизор мерафт, ки он то охири соли 2025 ба анҷом расад. Оғози ин лоиҳа бо дархости кишварҳои минтақа ва бо итминони комили Афғонистон ба он ки ҳама шароити лозим таъмин хоҳад шуд, сурат гирифт”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

18.11.2026 17:37

Бонки ҷаҳонӣ: камбуди об ва фишори иқтисодӣ зиндагии миллионҳо сокини Афғонистонро душвор кардааст

Бонки ҷаҳонӣ дар изҳороти нави худ ҳушдор дод, бо вуҷуди пешбинии рушди иқтисодии Афғонистон дар соли 2026, коҳиши даромади аҳолӣ, афзоши нахи маводи ғизоӣ ва камбуди об вазъияти зиндагии миллионҳо сокини Афғонистонро душвор кардааст.
18.11.2026 17:28

Сафири Тоҷикистон бо намояндаи Толибон масъалаи таъсиси бозор дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро баррасӣ кард

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кобул дар мулоқот бо раиси Палатаи тиҷорат ва сармоягузории ҳукумати гурӯҳи террористии Толибон дар Афғонистон Сайид Карим Ҳошимӣ масъалаи таъсиси бозори муштрак дар минтақаи марзии ду кишвар ва густариши ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ кардаанд.
18.11.2026 14:21

Ёсин Зиё ба Ҳайбатуллоҳ: “Мо барои курсӣ намеҷангем, барои озодӣ меҷангем”

Роҳбари Ҷабҳаи озодии Афғонистон дар вокуниш ба изҳороти ахири роҳбари гурӯҳи террористии Толибон Мулло Ҳайбаттулоҳ гуфт, ки пешниҳоди Ҳайбатуллоҳ Охунзода дар хусуси ҷалби мухолифон ба сохтори ҳукумат наметавонад онҳоро аз мубориза бар зидди Толибон боз дорад.
18.11.2026 14:09

Талаби 55 сол ҳабс: Ҷузъиёти парвандаи Мансур Манучеҳрӣ аз сӯи Вазорати адлияи Амрико нашр шуд

Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷузъиёти шаҳрванди Тоҷикистон Мансур Манучеҳриро нашр кард. Ӯ ба иттиҳоми ҳамкорӣ ва маблагузаронӣ ба ДОИШ як сол қабл боздошт шуда буд.
18.11.2026 13:17

Муовини вазири дифои Русия аз Пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон боздид кард

Муовини вазири дифои Русия, генерал-лейтенант Павел Фрадков дар ҷараёни сафари корӣ ба Тоҷикистон аз Пойгоҳи низомии 201-уми ин кишвар боздид карда, ба анҷоми сохтмони як қатор иншооти низомию иҷтимоӣ дастур додааст.
18.11.2026 13:13

Самтҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистон ва UNCCD муҳокима шуданд

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо котиби иҷроияи Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ (UNCCD) Ясмин Фуад мулоқот намуд.
18.11.2026 12:12

Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар дидори Сарвари давлат бо Кристофер Ландау баррасӣ гардид

Имрӯз, 18-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд.
18.11.2026 10:38

“Тарс аз Эрон”. Мақомоти амрикоӣ аз тарси Эрон ба паноҳгоҳҳо мераванд

Дар тӯли як ҳафтаи ахир лаҳни гуфтори мақомоти Эрону Амрико тағйир карда ва онҳо ҳамдигарро ба ҳамлаи мутақобил таҳдид мекунанд. Амрико аз тарси ҳамлаи Эрон ба мақомоти олирутбааш онҳоро дар маконҳои муҳофизатшуда ҷо дода ва иддао мекунад, ки Эрон дар пайи террори мақомоти амрикоӣ ва ҳамлаи, ҳатто кимиёӣ ба Амрико аст.