Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Фаронса барои сохтани неругоҳ дар дарёи Зарафшон корҳои омӯзишӣ мегузаронад
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқот бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон Элза Пинёл ва намояндагони ширкати Electricite de France S.A. (EDF) густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши энергетика ва захираҳои обро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳар ду ҷониб аз сатҳи кунунии ҳамкорӣ ва муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноантмандӣ намуданд ва таҳким додани муносибатҳои стратегӣ дар соҳаи энергетикаро ба манфиати ду кишвар арзёбӣ карданд.
Дар доираи ин мулоқот ширкати фаронсавии “EDF” барои гузаронидани корҳои омӯзишӣ дар тарҳҳои сохтмони неругоҳҳои барқӣ-обӣ дар дарёи Зарафшон ҳавасмандӣ зоҳир намуд. Ҳамчунин, ширкати зикршуда барои ҳамкорӣ бо ширкати муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон “ТАУЗ Гидро” мароқ зоҳир кард.
Чанде қабл гузориш нашр шуда буд, ки Фаронса омода аст, дар дарёи Зарафшон неругоҳҳои барқӣ-обӣ созад. Ҷониби Ӯзбекистон ҳам чанд сол қабл ҳавасмандии худро барои сохтани неругоҳи барқӣ-обӣ дар дарёи Зарафшон нишон дода буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид