Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Ширкати фаронсавӣ мехоҳад дар дарёи Зарафшон неругоҳ созад
Намояндагони ширкати “Carpi” –и Ҷумҳурии Фаронса зимни мулоқот бо роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Зарафшон таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Дар ин хусус, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Дар ҷараёни мулоқоти намояндагони ширкати “Carpi” – и фаронсавӣ бо раҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ки рӯзи 19-уми феврал сурат гирифт, ҳамчунин, ширкатҳои энергетикии Тоҷикистон масъалаи густариши ҳамкориҳо бо ин ширкати фаронсавиро ба миён гузоштаанд.
Дар мулоқот намояндагони ширкати “Carpi”-и Ҷумҳурии Фаронса оид ба фаъолияти ширкат дар заминаи садсозӣ ва бунёди неругоҳҳои барқи обӣ маълумот дода, ба имкониятҳои Тоҷикистон ошно гардиданд.
Зимни мулоқоти дуҷониба намояндагони ширкати зикршуда барои иштирок дар лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, бахусус бунёди неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон мароқ зоҳир намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид