4 Октябр 2026,
якшанбе, 08:31, Душанбе
20.02.2025 18:04

Далер Ҷумъа бо Муҳсин Покнажод масъалаи ворид намудани нафти Эрон ба Тоҷикистонро баррасӣ кард

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа рӯзи 19-уми феврал дар ҷараёни сафари корӣ ба Эрон бо вазири нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳсин Покнажод мулоқот намуда, масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши содироти нафт ба Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши нафту газ, ҷалби сармоягузорӣ ва имконияти таъмини корхонаҳои коркарди нафти Тоҷикистон бо нафти Эронро бо ба назар гирифтани шартҳои имтиёзнок баррасӣ карданд.

Ҳамчунин, зимни мулоқоти дуҷониба масъалаи табодули таҷриба миёни мутаххасисони ду кишвар ва омӯзиши конҳои нафту газ дар ҳудуди Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо