Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”
Корхонаи бузурги коркарди нафти “Данғара” ба кор оғоз кард
Корхони бузурги коркарди нафт, ки соли 2018 дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” бунёд шуда буд, имсол ба таври озмоишӣ ба кор даромад.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода рӯзи 11-уми феврал дар нишасти матбуотӣ зикр кард, ки соли гузашта 1622 тонна нафти номкоркардшуда ба ҳудуди корхона ворид шуд ва аз он 800 тонна бензин истеҳсол гардид.
Мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон бовар доранд, ки корхонаи бузурги нафт дар соли ҷорӣ пурра ба фаъолият оғоз менамояд.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода афзуд, ки кӯшиш мекунанд, корхонаи бузурги коркарди нафт, ки бо сармоягузории 100 миллион долларии Чин бунёд шудааст, бе кор намонад.
Қабл аз ин, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар нишасти матбуотӣ таъкид карда буд, ки НПЗ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” дар соли ҷорӣ ба кор оғоз мекунад. Вазир таъкид кард, ки бо ширкати русии “Татнефт” ва ширкати давлатии нафту гази Озарбойҷон SOCAR дар робита ба таъмини ин корхона бо ашёи хом ба созиш расидаанд.
Ёдовар мешавем, ки сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафти Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” дар соли 2014 аз тарафи корхонаи муштараки тоҷикӣ-чинӣ ТК –oil ва аз ҷониби ширкати чинии “Dong Ying investment and development” оғоз гардида, дар соли 2018 сохтмони он ба анҷом расид. Дар он вақт бинобар набуди ашёи хом ба фаъолият оғоз накард.
Баъзе коршиносон ҳанӯз дар замони бунёди корхонаи бузурги коркарди нафт бинобар набудани ашёи хоми зурарӣ бо диди шубҳа менигаристанд. Бо вуҷуди набуди ашёи хоми нафт дар Тоҷикистон сармоягузорони чинӣ мақсад доштанд, ки дар ҳудуди ноҳияи Панҷ корхонаи бузурги дуюми коркарди нафтро бисозанд. Вале баъдан аз нияти сохтани корхона даст кашиданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Аз таҳсил дур монда буд”. Милитсияи пойтахт наврасеро аз волидонаш гирифта, ба мактаби махсус супурд
Хабарнигори “Ал-Ҷазира”: иқтисоди Тоҷикистон яке аз иқтисодҳои босуръат рушдёбандаи Осиёи Марказӣ аст
Намояндаи Ҳиндустон: Забони англисӣ забони сеюми СҲШ шуд
Вазорати хориҷаи Русия: Ҷанги Русияву Аврупо кӯтоҳ ва барқосо хоҳад буд