Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”
5 миллион сомонӣ. Гранти президентӣ барои дастгирии занони соҳибкор зиёд шуд
Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки давоми соли гузашта 120 лоиҳаи занон дар самти соҳибкорӣ ба маблағи 5 миллион сомонӣ дастгирӣ ёфтааст.
Ӯ афзуд, ки дар асоси Қарори Ҳукумати мамлакат «Дар бораи Грантҳои президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021 – 2025» дар соли гузашта аз 393 лоиҳаи воридгардида 120 лоиҳа сарпарастӣ шудааст.
Дар нишаст гуфта шуд, ки то соли 2023 маблағи Грантҳои президентӣ 2 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медод ва соли 2024 бошад он ба 5 миллион сомонӣ расонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки барои дастгирии фаъолияти занони соҳибкор аз соли 2006 инҷониб Гранти президентӣ амал мекунад. Ин кумаки президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону бонувоне нигаронида шудааст, ки қодиранд ҳам ҳаёти худ ва ҳам аз чандин занони дигарро беҳтар намоянд.
Тибқи иттилои дастрас доираи фаъолияти соҳибкории занон, ки Гранти президентӣ мегиранд, хеле васеъ мебошад. Махсусан, онҳо ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳҳои хурд, ҳунарҳои дастӣ, қолинбофӣ, парвариши чорво, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, коркарди меваи хушк ва ғайраҳо машғул шуда, дар баробари ин, дигар занонро низ ба касбомӯзӣ ҷалб карда, соҳиби ҳунару ҷойи кор мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”
ИМА аз поёни миссияи низомӣ дар Ироқ хабар дод
Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст