1 Октябр 2026,
панҷшанбе, 04:22, Душанбе
07.02.2025 10:59

Имтиёзҳо барои қарзгирӣ. Маблағи қарзӣ ва қарзгирон афзудааст

Алиҷон Салимзода, раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки бонки мазкур сиёсати қарздиҳии худро таҷдид намуда ва барои соҳаҳои афзалиятнок имтиёзҳо фароҳам оварда, меъёри фоизи қарзҳоро бо пули миллӣ аз 2 то 4 банди фоизӣ паст кард.

Дар нишаст афзуда шуд, ки соли 2024 аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 69 ҳазор мизоҷ 2,5 миллиард сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод шуда, ин шумора нисбат ба соли 2023-юм 36 фоиз ва шумораи қарзгирон 31,3 фоиз зиёд гардидааст.

Тибқи иттилои масъулин қарзҳои додашуда ба соҳаҳои саноат 10,7 фоиз, кишоварзӣ 16,2 фоиз, истеъмолӣ 46,9 фоиз, сохтмон 10,3 фоиз, тиҷорат 15,1 фоиз, нақлиёт 0,2 фоиз ва хизматрасонӣ 0,6 фоиз рост меояд.

Иттилоъ дода шуд, ки бонки мазкур дар соли гузашта иқдоми қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Баҳор-2024», «Кишоварз», «Автоқарз», «Занҳои муваффақ», «Орзуҳои солинавӣ-2025» «Қарзҳои ипотекӣ» пешниҳод намудааст.

Дар ҳамин ҳол, гуфта шуд, ки сандуқи қарзии «Амонатбонк» ҳоло 3,1 миллиард сомонӣ ва шумораи қарзгирон аз рӯи бақия зиёда аз 75 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2023 ҳаҷми сандуқи қарзӣ 42,5 фоиз ва шумораи қарзгирон аз рӯи бақия 22 фоиз афзудааст.

 Dialog.tj

Хатти хабарҳо

30.09.2026 15:45

Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”

Аз 22-юми октябр дар кинотеатрҳои кишвар филми «Хуршеду Моҳ» ба намоиш гузошта мешавад. «Хуршеду Моҳ филми нави ошиқона буда, дар бораи ишқи нокоми Хуршед ва Моҳ қисса мекунад. Dialog.tj бо коргардон ва муаллифи филмномаи «Хуршеду Моҳ» Манзаралӣ Шералӣ суҳбат кард, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мекунем.
30.09.2026 15:04

Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд

Мақомоти Тоҷикистону Қатар масъалаи сармоягузорӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки иқтисодии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар мулоқоти мақомоти ду кишвар раванди иҷрои лоиҳаи “Диёри Душанбе” мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
30.09.2026 14:33

Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст

Гардиши тиҷорати Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли 2026 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми савдои ду кишвар дар ин давра ба тақрибан 855 миллион доллар расидааст.
30.09.2026 06:37

Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд

Маркази хабарнигорони Афғонистон эълом кардааст, ки аз замони тасаллути гурӯҳи террористии Толибон дар соли 2021, тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ ба иттиҳоми риоя накардани дастурҳои сахтгиронаи расонаии ин гурӯҳ боздошт ё зиндонӣ шудаанд.