Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”
Саноат дар як сол: 740 корхонаю коргоҳ бо 18 ҳазору 193 ҷойи кор
Имрӯз нишасти матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт, ки дар он оиди корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ иттилоъ дода шуд.
Бинобар маълумоти Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ давоми соли гузашта дар ҷумҳурӣ 740 корхонаю коргоҳи нав (528 корхонаи саноатӣ) бунёд гардид, ки нисбат ба соли 2023-юм 330 корхона зиёд мебошад.
Илова гардид, ки дар ВМКБ 43 корхона бо 138 ҷойи кор, дар вилояти Суғд 164 корхона бо 1369 ҷойи кор, дар ноҳияҳои тобеи марказ 91 корхона бо 28 ҷойи кор, дар шаҳри Душанбе 141 корхона бо 2550 ҷойи кор ба истифода дода шудааст, ки дар маҷмуъ 18 ҳазору 193 ҷойи кори нав таъсис ёфтанд.
Гуфта шуд, ки дар соли 2024 шумораи корхонаҳои саноатӣ дар кишвар ба 3774 адад расид. Ҳамзамон, соли сипаригардида дар кишвар дар ҳаҷми 53,8 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба соли 2023-юм 20 фоиз ё ба маблағи 7,5 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамчунин, дар ин давра теъдоди корхонаҳои аз фаъолият бозмонда дар соли гузашраро 74 адад арзёбӣ шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Аз таҳсил дур монда буд”. Милитсияи пойтахт наврасеро аз волидонаш гирифта, ба мактаби махсус супурд
Хабарнигори “Ал-Ҷазира”: иқтисоди Тоҷикистон яке аз иқтисодҳои босуръат рушдёбандаи Осиёи Марказӣ аст
Намояндаи Ҳиндустон: Забони англисӣ забони сеюми СҲШ шуд
Вазорати хориҷаи Русия: Ҷанги Русияву Аврупо кӯтоҳ ва барқосо хоҳад буд