Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”
Пизишкиён мехоҳад дар Тоҷикистон корхонаи дорусозии эронӣ таъсис шавад
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар дидор бо эрониёни муқими Тоҷикистон таъкид кард, ки барои ҳалли мушкилоти низоми раводид ва дигар мушкилоти кориву тиҷорӣ бо мақомоти тоҷик гуфтугӯ намудааст.
Муҳимтарин масъала, ба таъкиди Масъуд Пизишкиён аз байн бурдани мушкилоти рафтуомад ва низоми содаи тиҷорат миёни Тоҷикистон ва Эрон аст.
“Саъй мекунем раванди рафтуомади тиҷорат, фарҳангиён ва донишгоҳиёнро осон кунем” – гуфт Масъуд Пизишкиён.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин дидор ба мушкилоти тавлидкунандагони эронии дору ва таҷҳизоти тиббӣ чунин ишора намуд: “Ҳатман дар бозгашт ба Эрон мавзуъро пайгирӣ мекунам, то кори тавлид ва фурӯши дору ва таҷҳизот дар ин ҷо бидуни мушкил анҷом шавад”.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён аз тақозои рӯзафзуни Тоҷикистон ба доруҳои эронӣ ёдовар шуда, гуфт, зарурати таъсиси корхонаи дорусозӣ дар ин кишвар ба вуҷуд омадааст.
“Барои ин ки тоҷикистониҳо аз доруҳои эронӣ истифода кунанд, тасмим дорем дар ин кишвар як корхонаи тавлиди дору роҳандозӣ кунем”- таъкид кард Масъуд Пизишкиён.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”
ИМА аз поёни миссияи низомӣ дар Ироқ хабар дод
Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст