Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Дар Суғд ба маблағи 22,3 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд
Имсол дар вилояти Суғд соҳаи кишоварзӣ рушд кардааст ва бар асоси натиҷагирии мақомоти вилоят ба маблағи 22, 3 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст.
Дафтари матбуоти вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки дар соли 2024 масъулони вилоят барои рушди соҳаи кишоварзӣ тадбирҳои мушаххас андешиданд. Тибқи нақшаи истеҳсолӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидории вилоят кишти зироатҳо дар майдони 282, 8 ҳазор гектар гузаронида шуд.
“Дар вилоят истеҳсоли сабзавот 686,8 ҳазор тонна, аз ҷумла пиёз 206,2 ҳазор тонна, картошка 658, 5 ҳазор тонна, полезӣ 236,0 ҳазор тонна, мевагиҳо 253, 9 ҳазор тонна, аз он ҷумла зардолу 174, 8 ҳазор тонна, ангур 62, 7 ҳазор тонна, зироатҳои хӯроки чорво 545, 7 ҳазор тонна воҳиди хӯрока таъмин гардид, ки нисбат ба соли 2023 суръати афзоиши истеҳсоли сабзавот 105, 8 фоиз, аз ҷумла пиёз 110,1 фоиз, картошка 109, 7 фоиз, полезӣ 106, 4 фоиз, мевагиҳо 114, 1 фоиз, аз ҷумла зардолу 111, 2 фоиз, ангур 122,2 фоиз ва зироатҳои хӯроки чорво 100, 9 фоизро ташкил намуд”- таъкид мекунад дафтари матбуоти Вилояти Суғд.
Дар соли ҷорӣ истеҳсоли гӯшти чорво ва паранда афзуда, натиҷаҳои назаррас ба даст омадааст. Таъкид мегардад, ки дар соли ҷорӣ истеҳсоли гӯшти чорвою паранда бо вазни зинда 92, 8 ҳазор тонна, аз ҷумла гӯшти паранда 19, 3 ҳазор тонна, моҳӣ 1013, 3 ҳазор тонна, шир 311, 1 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
Дар умум натиҷаҳои рушди соҳаи кишоварзӣ дар соли 2024 мусбат арзёбӣ гардид ва роҳбарияти вилоят барои рушди соҳаи кишоварзӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид