1 Октябр 2026,
панҷшанбе, 04:24, Душанбе
11.01.2025 10:38

Ширкати эронӣ дар Тоҷикистон корхонаи лифту эскалатор месозад

Як ширкати эронӣ зимни гуфтугӯ бо мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе изҳор доштааст, ки омодаи таъсис додани корхонаи истеҳсоли лифту эскалатор дар Тоҷикистон аст.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳайати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо роҳбари ширкати истеҳсолкунандаи лифту эскалаторҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон “Беҳран Лифт” гуфтугӯ намуда, ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абудраҳмонзода дар ҷараёни мулқот бо роҳбари ширкати эронӣ доир ба имконият ва фазои сармоягузорӣ  дар шаҳри Душанбе маълумот дод.

Намояндагони ширкати истеҳсолии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суҳбат қайд намуданд, ки таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли лифт ва эскалатор заминаи содироти минбаъдаи молу маҳсулот ба давлатҳои дигар низ мешавад.

Ду ҷониб дар интиҳои мулоқот ба тақвият ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба таъкид намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи дигар президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон меояд. Дар ин сафар ширкатҳои бузурги истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ президенти Эронро ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

30.09.2026 15:45

Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”

Аз 22-юми октябр дар кинотеатрҳои кишвар филми «Хуршеду Моҳ» ба намоиш гузошта мешавад. «Хуршеду Моҳ филми нави ошиқона буда, дар бораи ишқи нокоми Хуршед ва Моҳ қисса мекунад. Dialog.tj бо коргардон ва муаллифи филмномаи «Хуршеду Моҳ» Манзаралӣ Шералӣ суҳбат кард, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мекунем.
30.09.2026 15:04

Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд

Мақомоти Тоҷикистону Қатар масъалаи сармоягузорӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки иқтисодии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар мулоқоти мақомоти ду кишвар раванди иҷрои лоиҳаи “Диёри Душанбе” мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
30.09.2026 14:33

Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст

Гардиши тиҷорати Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли 2026 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми савдои ду кишвар дар ин давра ба тақрибан 855 миллион доллар расидааст.
30.09.2026 06:37

Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд

Маркази хабарнигорони Афғонистон эълом кардааст, ки аз замони тасаллути гурӯҳи террористии Толибон дар соли 2021, тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ ба иттиҳоми риоя накардани дастурҳои сахтгиронаи расонаии ин гурӯҳ боздошт ё зиндонӣ шудаанд.