1 Октябр 2026,
панҷшанбе, 04:21, Душанбе
03.12.2024 11:17

Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон 2,6 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст

Сармоягузорони Ҷумҳурии Мардуми Чин дар тӯли 10 соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон 2,6 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст, ки 57 фоизи он сармоягузории мустақим мебошад.

Дар ҳамоише, ки бо иштироки намояндагони ширкатҳои сармоягузории Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон баргузор гардид, Фаррух Юсуфзода, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нуктаро таъкид кард.

Дар ҳамоиши зикршуда Фаррух Юсуфзода афзуд, ки бо ҳадафи васеъ кардани  ҷуғрофияи ҷалби сармоя ва содагардонии воридшавӣ ба иқтисодиёти мамлакат ислоҳот гузаронда мешавад.

“Барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастрасу сода гардонидани расмиёти маъмурӣ мунтазам чораҷӯӣ карда мешавад. Хусусан, дар доираи ислоҳоти гузаронида фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакати мо ба таври электронӣ ва ройгон ба қайд гирифта шуда, фаъолияти соҳибкорӣ дар 24 соат ба таври ғайринақдӣ ва электронӣ сабт мешавад. Инчунин, ба талаботи муосир ҷавобгӯ гардонидани қонунгузории татбиқкунандаи фаъолияти бахши хусусӣ самти дигари ислоҳот дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад” – таъкид кард Фаррух Юсуфзода.

Дар ҳамоиш зикр шуд, ки байни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Чин, аз ҷумла соҳибкорони музофоти Синзян робитаҳои мутақобили судманд бояд роҳандозӣ гардад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

30.09.2026 15:45

Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”

Аз 22-юми октябр дар кинотеатрҳои кишвар филми «Хуршеду Моҳ» ба намоиш гузошта мешавад. «Хуршеду Моҳ филми нави ошиқона буда, дар бораи ишқи нокоми Хуршед ва Моҳ қисса мекунад. Dialog.tj бо коргардон ва муаллифи филмномаи «Хуршеду Моҳ» Манзаралӣ Шералӣ суҳбат кард, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мекунем.
30.09.2026 15:04

Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд

Мақомоти Тоҷикистону Қатар масъалаи сармоягузорӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки иқтисодии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар мулоқоти мақомоти ду кишвар раванди иҷрои лоиҳаи “Диёри Душанбе” мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
30.09.2026 14:33

Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст

Гардиши тиҷорати Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли 2026 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми савдои ду кишвар дар ин давра ба тақрибан 855 миллион доллар расидааст.
30.09.2026 06:37

Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд

Маркази хабарнигорони Афғонистон эълом кардааст, ки аз замони тасаллути гурӯҳи террористии Толибон дар соли 2021, тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ ба иттиҳоми риоя накардани дастурҳои сахтгиронаи расонаии ин гурӯҳ боздошт ё зиндонӣ шудаанд.