4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:50, Душанбе
18.11.2024 11:14

Густариши ҳамкориҳои кишоварзӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Амонулло Салимзода, президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо директори Институти илмӣ-тадқиқотии чорводорӣ ва парандапарварии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азам Нурматов ва директори Маркази куриёгии “Копиа” дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Он Сунг Джонг мулоқот намуд.

Дар мулоқоти сеҷониба масъалаи ҳамкориҳо дар самтҳои офаридани зотҳои чорвои гӯштӣ ва ширӣ, инчунин, баланд бардоштани ҳосили зироати мухталифи кишоварзӣ, аз ҷумла шолӣ ва табодули таҷрибаҳои соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин мулоқот ҳамчунин, масъалаи кушодани Маркази куриёгии “Копиа” дар Тоҷикистон баррасӣ гардид. Ҷонибҳо тафоҳум намуданд, ки дар муҳлати наздик миёни Академияи кишоварзии Тоҷикистон ва Маркази куриёгии “Копиа” созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонда шавад. Бар асоси он тақвияти ҳамкориҳои муштаракро тавассути таҳияи лоиҳаҳо тақвият бахшанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо