4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:13, Душанбе
11.11.2024 10:51

Шумораи соҳибкорони инфиродӣ дар Тоҷикистон 33,6 ҳазор нафар афзудааст

Дар Тоҷикистон шумораи соҳибкорони инфиродӣ ба 712 ҳазор нафар расидааст, Хабар медиҳад Агентии омори ҷт. 

Тибқи маълумоти агентӣ, 99 ҳазор нафар аз рӯи шаҳодатнома, 337,8 ҳазор нафар аз рӯи патент, 78,6 ҳазор нафар аз рӯи шаҳодатнома бо шароити махсус ва 196,6 ҳазор нафар ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тааллуқ доранд. 

Шумораи соҳибкорони инфиродӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 33,6 ҳазор нафар афзудааст.  

Аз шумораи умумии соҳибкорони инфиродии ба қайд гирифташуда дар давраи аз январ то сентябри соли 2024 14 533 нафар фаъолияти худро қатъ карданд.  

Дар байни онҳо 2573 нафар аз рӯи шаҳодатнома, 742 нафар аз рӯи патент, 5054 нафар аз рӯи шаҳодатнома бо шароити махсус ва 1164 нафар аз хоҷагиҳои деҳқонӣ кор мекарданд. 

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо