Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Иқтидори НЕРӮГОҲИ Барқи Обии Роғун дар конфронси CAREC муаррифӣ карда шуд
7 ноябри соли 2024 дар Остона вазири энергетика Ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар конфронси 23-юми вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиеи Марказӣ (CAREC) суханронӣ кард. Дар Ин бора Вазорати Энергетикаи ҶТ хабар медиҳад.
Дар ҷаласае, Ки ба масъалаҳои декарбонизатсия ва амнияти энергетикӣ дар минтақа нигаронида шуда Буд, Далер Ҷумъа таъкид кард, Ки Нерӯгоҳи Барқи Обии Роғун яке аз бузургтарин лоиҳаҳои гидроэнергетикии минтақа мебошад.
Вай қайд кард, ки ду агрегати амалкунандаи Нерӯгоҳи Барқи Обии Роғун аллакай беш аз 7,5 миллиард квт-соат нерӯи барқ истеҳсол кардаанд. Ҷумъа ҳамчунин таъкид Дошт, ки дар оянда НЕРӮГОҲИ Барқи Обии Роғун на танҳо амнияти энергетикии Тоҷикистонро таъмин хоҳад кард, балки ба афзоиши содироти нерӯи барқ ба давлатҳои ҳамсоя мусоидат хоҳад кард.
Ба гуфтаи вазир, тақрибан 70% нерӯи барқи тавлидшуда, ки тақрибан 10 миллиард квт / соатро ташкил медиҳад, бинобар афзоиши талабот ба дигар кишварҳои минтақа содир карда мешавад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид