Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”
Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
04.11.2024 10:32
Тоҷикистон ва Чин ҳамкориҳоро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд
1-уми ноябри соли 2024 Камолиддин Муминзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон Сзи Шумин масъалаҳои марбут ба сайёҳиро баррасӣ карданд. Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон хабар додааст.
Дар мулоқот аз ҷумла самтҳои сайёҳии аграрӣ, тиббӣ, таърихию фарҳангӣ ва кӯҳнавардӣ баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо мубодилаи таҷриба, омӯзиши имкониятҳои сайёҳӣ, иштирок дар намоишгоҳҳои махсус ва кушодани хатсайрҳои нави сайёҳиро барои афзоиши ҷараёни он муҳокима намуданд.
Дар доираи мулоқот ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба иҷрои созишномаи ҳамкорӣ, ки аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии ҶТ ва Вазорати фарҳанги ҶМЧ дар ҷараёни сафари давлатии раиси ҷумҳури ин кишвар ба Тоҷикистон дар таърихи 5-уми июли соли 2024 ба имзо расидааст, баррасӣ гардиданд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
29.09.2026 16:48
Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ-ро ба он муттаҳам кард, ки дар бархе масъалаҳо бар асоси “меъёрҳои дугона” ва ба манфиати кишварҳои ғарбӣ амал менамояд.
29.09.2026 12:33
Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, шартҳои Теҳрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз, ки ба гуфтаи ӯ аз ҷониби раҳбари олии Эрон таъкид шудаанд, ба ҷониби Амрико расонида шудаанд.
29.09.2026 12:11
Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад
Як мақоми эронӣ ба расонаи “Палитико” (Politico) гуфтааст, ки Доналд Трамп ҳанӯз мавқеи рӯшан ва мушаххасе дар бораи он ки аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад, надорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин номуайянӣ расидан ба як созиши мушаххасро душвор кардааст.
29.09.2026 11:03
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Шамила Чудрӣ ва Калин Ҷексон, раисони муштараки “Комиссияи баррасии ҷанги Афғонистон”, бо Осим Мунир, раиси Ситоди артиши Покистон, дидор кардааст.
29.09.2026 10:48
Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд
Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон, ки дар даргириҳои вилояти Нуристон кушта шудаанд, ба вилоятҳои ҷанубии Афғонистон интиқол дода шудаанд.
29.09.2026 10:37
Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод
Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҳайати музокиракунандаи Амрико бо намояндагони Эрон гуфтугӯҳои ғайримустақимро анҷом додаанд. Доналд Трамп ҳамчунин, иддао кард, ки Амрико дар ҷанги худ бо Эрон “ба зудӣ пирӯз хоҳад шуд ва қимати сӯзишворӣ коҳиш хоҳад ёфт”.
29.09.2026 09:10
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд
28-уми сентябр дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 тими миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Фаластин бозии дӯстона анҷом дод.
29.09.2026 07:07
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5-ум то 9-уми октябр дар шаҳри Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
28.09.2026 17:21
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия, рӯзи душанбе гуфт, Украина барои ҳамлаҳои ахираш ба зерсохторҳои энергетикӣ ва иншооти саноатии Русия “посух хоҳад дод”.
28.09.2026 17:09
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Иттиҳоди Аврупо 10 шахс ва 17 ниҳоди марбут ба Русияро ба феҳристи таҳримҳои худ ворид кард.
28.09.2026 15:34
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Имрӯз, 28-уми сентябр дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар муколамаи шарикони рушд оид ба мусоидат ба рушди савдо, сайёҳӣ ва рақобатпазирии минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
28.09.2026 11:11
Президенти Сербистон истеъфо дод
Александр Вучич, раиси ҷумҳури Сербистон, рӯзи якшанбе аз мақоми худ истеъфо дод ва ба давраи дуюм ва ниҳоии раёсати ҷумҳуриаш пеш аз анҷоми муҳлат хотима бахшид. Истеъфои ӯ роҳро барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ боз мекунад.