Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”
Ирна: “Тоҷикистон дарвозаи содироти маҳсулоти Эрон ба Осиёи Миёна аст”
Дар пасманзари сафари ҳайати 14 нафараи сармоягузорон ва тоҷирони Тоҷикистон ба вилояти Хуросони Шимолӣ расонаҳои ин кишвар навиштаанд, ки зарфиятҳои истеҳсолии Эрон имкон фароҳам меоварад, ки бо кишварҳои Осиёи Миёна робитаи содирот ва воридоти тиҷоратиро густариш диҳанд.
Тибқи навиштаи хабаргузории расмии ҶИЭ “Ирна” Хуросони Шимолӣ дар сол 1 миллиону 400 ҳазор тон маҳсулоти кишоварзӣ, беш аз 1 миллион тон семент, 230 ҳазор тон хокаи алюминий, 45 ҳазор тон оҳан, 900 ҳазор тон маҳсулоти петрошимӣ истеҳсол мекунад, ки иқтидори хуб барои содирот ба кишварҳои Осиёи Миёна аст.
Вилояти Хуросони Шимолии Эрон бо кишварҳои Осиёи Миёна ҳаммарз мебошад.
Муаллифи гузориши Ирна таъкид кардааст, ки сафари ҳайати 14 нафараи Тоҷикистон ба Хуросони Шимолӣ дар ростои ба роҳ мондани равобит анҷом шудааст: “Аҳмияти бозори кишвари Тоҷикистон барои Эрон муҳим аст, зеро ин кишвар дарвозаи ворид шудани маҳсулоти Эрон ба бозорҳои Осиёи Мраказӣ мебошад. Тоҷикистон метавонад дар сурати истифода аз роҳҳои заминӣ Эронро ба Чин, Қазоқистон ва шарқи Русия васл кунад” – менависад хабарнигори Ирна.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”
ИМА аз поёни миссияи низомӣ дар Ироқ хабар дод
Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст