4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:51, Душанбе
28.10.2024 09:54

Дар Тоҷикистон беш аз 163 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 21-уми октябри соли 2024 дар саросари кишвар 163 466,8 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст. 

Дар соли 2024 майдони кишти пахта 174 979 гектарро ташкил медиҳад.  

Вазорати кишоварзӣ таъкид мекунад, ки барои ба даст овардани ҳосили хуб интихоби дурусти навъи пахта муҳим аст. 

Едовар мешавем, ки пахта яке аз молҳои асосии содиротии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. 

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо